дар در I
исм
  1. табақаи тахтагин ё оҳанин барои пӯшонидани даромадгоҳи хона, ҳавлӣ, дӯкон, қалъа, инчунин қисми кушодаву пӯшидашавандаи ҷевон, нонсандуқ ва ғ.; ҷои дар, ҷое ки дар девори биноҳо барои дар шинонидан гузошта мешавад
    • Ва ин ҳисорро ду дар аст, яке дари шарқӣ ва дигар дари ғарбӣ.

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Сикандар, ки бо шарқиён ҳарб дошт,

      Шунидам, дари хайма дар ғарб дошт. 

      Низомӣ
    дар кӯфтан در کوفتن
    феъл
    дар задан, дарро тақ-тақ кардан; рафтан ба дари касе бо талабе ё эҳтиёҷе
  2. даргоҳ, хонадон
    • Худу Геву Гӯдарзу чандон савор

      Бирафтанд шод аз дари шаҳриёр. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    аз дар рондан از در راندن
    феъл
    аз даргоҳ пеш кардан
    дари фатҳ در فتح
    исм
    дари кушоиш; осонии кор, муваффақият, барор ва пешрафти корҳо
    дари чашм در چشم
    исм
    бинои чашм, роҳи назар; чашм, дида
    дару девор در و دیوار
    исм
     киноя аз ҳамаи хонаю ҷой
    дари айш бастан در عیش بستن
    феъл
    киноя аз айшро қатъ кардан, нишотро барҳам задан
    дари сулҳ задан در صلح زدن
    феъл
    киноя аз оштӣ шудан, сулҳҷӯӣ кардан
    дари сулҳ кӯфтан در صلح کوفتن
    феъл
    киноя аз толиби сулҳ шудан, оштӣ хостан
    дари суол кушодан در سؤال گشادن
    феъл
    гадоӣ сар кардан
    дар аз гил барандудан در از گل براندودن
    феъл
    маҷ. роҳи рафтуомадро бастан
    дар ба рӯи касе|чизе бастан در به روی کسی|چیزی بستن дар ба рухи касе|чизе бастан در به رخ کسی|چیزی بستن
    феъл
    ба касе ё чизе роҳ надодан
    аз дари сулҳ омадан از در صلح آمدن
    феъл
    нигаред ба дари сулҳ задан 1; киноя аз оштӣ шудан, сулҳҷӯӣ кардан
    дари чизе бастан در چیزی بستن
    феъл
    киноя аз маҳрум доштан аз чизе
дар در II
пешоянд
исм
шакли кӯтоҳшудаи дара I 1
  • Дару дашт бар сони дебо шудӣ,

    Яке тахти пирӯза пайдо шудӣ. 

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дар, маънии вожаи дар, маънии калимаи дар, маънии ибораи дар, маънои дар, маънои вожаи дар, маънои калимаи дар, маънои ибораи дар, таърифи дар, таърифи вожаи дар, таърифи калимаи дар, таърифи ибораи дар, значение дар, значение слова дар, значение фразы дар, значение выражения дар, определение дар, определение слова дар, определение фразы дар, определение выражения дар