Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
дарё دریا I
исм
  1. баҳр
    • Агарчи мавҷ баровард солҳо дарё,

      Ба ҳеч ваҷҳ наяфканд бар канор гуҳар. 

      Заҳири Форёбӣ бештар
    • Ба дарё дар манофеъ бешумор аст,

      В-агар хоҳӣ саломат, бар канор аст. 

      Саъдӣ
    • Сад биёбон тай шуду аз корвон дурам ҳанӯз,

      Киштии тӯфони дарёи пур аз шӯрам ҳанӯз. 

      Саййидо
    дарёи Мағриб دریای مغرب
    исм
    баҳри Миёназамин
    дарёи Уммон دریای امان
    исм
    баҳри Уммон
    дарёи Хазар دریای خزر
    исм
     баҳри Каспий; дарёи Қулзум баҳри Сурх, баҳри Аҳмар
  2. уқёнус, баҳри муҳит
    • Хиҷил зи рифъати қадри ту рифъати гардун,

      Ғамин ба вусъати табъи ту вусъати дарё. 

      Анварӣ
    дарёи Ахзар دریای اخضر
    исм
     уқёнуси Ҳинд; дарёи муҳити уқёнус, океан
    дарёи Ҳинд دریای هند
    исм
    уқёнуси Ҳинд, океани Ҳинд
  3. наҳр, рӯд, рӯдхона
    • Дар биёбон раҳравони ишқро,

      З-оби чашми хеш дарёе хуш аст. 

      Анварӣ бештар
    • Ӯзбакон ба аспҳо савор шуда, ...аз дарёи Сир гузаштанд. 

      Шаҳномаи Фарғона
  4. киноя аз ҷои фаровонии чизе, монанди кон, манбаъи беинтиҳо
    • Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,

      Зулфат анбар, садаф даҳан, дурр дандон. 

      Рӯдакӣ бештар
    • Он ки зи омол бувад ташнаҳол,

      Сер нагардад зи ду дарёи мол. 

      Хусрави Деҳлавӣ
    дарё кашидан دریا کشیدن
    феъл
    киноя аз нӯшидани шароби бисёр
дарё دریا II
исм
ахтаршиносӣ ноҳияи васеъи тираи ё паст бар сатҳи сайёра ё қамар

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дарё, маънии вожаи дарё, маънии калимаи дарё, маънии ибораи дарё, маънои дарё, маънои вожаи дарё, маънои калимаи дарё, маънои ибораи дарё, таърифи дарё, таърифи вожаи дарё, таърифи калимаи дарё, таърифи ибораи дарё, значение дарё, значение слова дарё, значение фразы дарё, значение выражения дарё, определение дарё, определение слова дарё, определение фразы дарё, определение выражения дарё