дандон دندان
исм
  1. узви устухонии даҳани инсон ва ҳайвонот, ки барои хоида хӯрдани хӯрок ва газидан ба кор меравад
    • Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд,

      Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд! 

      Рӯдакӣ
    дандони сайд دندان صید
    исм
    дандони шикоргири саг ва дигар ҳайвоноти шикорӣ
    дандони шир دندان شیر
    исм
    дандони кӯдакӣ, ки то ҳафтсолагӣ меистад
    дандон кашидан دندان کشیدن
    феъл
    дандон кандан
  2. дандона
    • Дандони шона мекашад он чини зулфу бас,

      Номаш хато набуд, ки хондем мушки ноб.

      Камоли Хуҷандӣ бештар
    • В-агар хурдаи зар зи дандони гоз

      Биафтад, ба шамъаш биҷӯянд боз. 

      Саъдӣ
    дандони осиё دندان آسیا
    исм
    дандони курсӣ, се дандони охир аз ду тарафи даҳон ва болову поён, ки ҳамагӣ дувоздаҳ адад мешавад
    дандони румҳ دندان رمح
    исм
    оҳани нӯгтез, ки бар сари найза устувор карда мешавад
    дандони ҳут دندان هوت
    исм
    1. 1.
      борони реза
    2. 2.
      ашк, оби дида
    дандон афгандан دندان افگندن
    феъл
     мағлуб сохтан
    дандон гирифтан دندان گرفتن
    феъл
    аз чизе ё касе бӯса гирифтан
    дандон дароз кардан دندان دراز کردن
     киноя аз ҳирс ва тамаъро зиёд кардан
    дандон доштан دندان داشتن
    феъл
    1. 1.
      тамаъ кардан ва умедвор будан ба чизе; таваққуъ доштан
    2. 2.
      хашму ғазаб ва кина доштан 
    3. 3.
      ба коре ҷидду ҷаҳд кардан
    дандон намудан دندان نمودن
    феъл
    1. 1.
      маҷ. таҳдид кардан, тарсондан
    2. 2.
      маҷ. хандидан
    дандон сахт кардан دندان سخت کردن
    хашм гирифтан, ғазаб кардан
    дандон тез кардан دندان تیز کردن
    тамаъ кардан, таваққуъ доштан
    дандони чизе кандан دندان چیزی کندن
    тарки чизе кардан, аз чизе умед кандан
    дандони тар доштан دندان تر داشتن
    маҷ. нафрат доштан
    дандон ба дандон задан دندان به دندان زدن
    феъл
    маҷ. изҳори ҳасарту надомат кардан
    дандон ба дандон мондан دندان به دندان ماندن
    ба ягон ҳодисаи ногувор ё ба дарди шиддатнок аз ноилоҷӣ тоқат кардан, тоб овардан ба сахтӣ
    дандон ба дандон нишастан دندان به دندان نشستن
    феъл
    ба ҳам зич шудани дандон дар вақти гирифтани бемории саръ, беҳушӣ ва ғ. 
    дандон ба заҳр хоидан دندان به زهر خاییدن
    маҷ. бо камоли кинаю адоват сухан гуфтан
    дандон ба ком даршикастан دندان به کام درشکستن
    маҷ. зада мағлуб кардан, абгор кардан
    дандон ба хун дарбурдан دندان به خون دربوردن
    маҷ. сабру тоқат кардан, тоб овардан
    дандон ба сари дандон ниҳодан دندان به سر دندان نهادن
    нигаред ба дандон ба дандон мондан 1; ба ягон ҳодисаи ногувор ё ба дарди шиддатнок аз ноилоҷӣ тоқат кардан, тоб овардан ба сахтӣ
    дандон бар ҳарфи худ гузоштан دندان بر حرف خود گذاشتن
    маҷ. аз қавли худ баргаштан
    дандон бар ҷигар афшурдан دندان بر جگر افشردن
    1. 1.
      маҷ. сабру тоқат намудан
    2. 2.
      маҷ. ҷон ба каф гирифта коре кардан, ба кори хатарноке ҷуръат намудан
    дандон сапед кардан دندان سپید کردن
    феъл
    маҷ. табассум кардан; хандидан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дандон, маънии вожаи дандон, маънии калимаи дандон, маънии ибораи дандон, маънои дандон, маънои вожаи дандон, маънои калимаи дандон, маънои ибораи дандон, таърифи дандон, таърифи вожаи дандон, таърифи калимаи дандон, таърифи ибораи дандон, значение дандон, значение слова дандон, значение фразы дандон, значение выражения дандон, определение дандон, определение слова дандон, определение фразы дандон, определение выражения дандон