гулӯ گلو
исм
  1. ҳалқ, ҳалқум
    • Зи гиря то ба гулӯ буд оби дидаи ман,

      Агарчи дар гулӯи ман зи ғусса об нарафт.

      Мушфиқӣ
    гулӯ танг гирифтан گلو تنگ گرفتن
    феъл
    фишор кардани гулӯ, маҳдуд кардани нафас, боздоштани роҳи нафас
    андар гулӯ фуруд омадан اندر گلو فرود آمدن
    феъл
    аз гулӯ гузаштан; гуворо шудан
    аз гулӯ чизе нагузаштан از گلو چیزی نگذشتن
    феъл
    иштиҳо надоштан, майли хӯрдан надоштан; чизе хӯрда натавонистан (ба сабаби нохушие, ҳаяҷон ё интизории касе)
  2. гардан
    • Аз хондани нома чун бипардохт,

      Таъвизи гулӯи хештан сохт.

      Хусрави Деҳлавӣ
    гулӯи киса گلو‌ی کیسه
    киноя аз даҳани киса
    гулӯи осиё گلو‌ی آسیا
    исм
    сӯрохи миёнаи санги осиё, ки ғалла ба он ҷо мерезад
    гулӯи шиша گلو‌ی شیشه
    исм
    қисми танги шиша, миёнаи даҳан ва шиками шиша, гардани шиша
    гулӯ пора кардан گلو پاره کردن
    феъл
    киноя аз доду фарёди бисёр кардан
    гулӯи касеро гиря гирифтан گلو‌ی کسی را گریه گرفتن
    феъл
    аз шиддати гиря нафастанг гаштан
    гулӯи касеро равған кардан گلو‌ی کسی را روغن کردن
    феъл
    ба касе пора додан, ришва додан
    гулӯ хоридан گلو خاریدن
    феъл
    ишора ба ришва талаб кардан; бо анҷом додани коре аз касе чизе тамаъ кардан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гулӯ, маънии вожаи гулӯ, маънии калимаи гулӯ, маънии ибораи гулӯ, маънои гулӯ, маънои вожаи гулӯ, маънои калимаи гулӯ, маънои ибораи гулӯ, таърифи гулӯ, таърифи вожаи гулӯ, таърифи калимаи гулӯ, таърифи ибораи гулӯ, значение гулӯ, значение слова гулӯ, значение фразы гулӯ, значение выражения гулӯ, определение гулӯ, определение слова гулӯ, определение фразы гулӯ, определение выражения гулӯ