гирифтан گرفتن
феъл
  1. ахз кардан, ба даст даровардан, ба чанг даровардан; қабз кардан, доштан, доштан бо даст, қапидан
    • Хуррамдил он ки ҳамчу Ҳофиз,

      Ҷоме зи ман аласт гирад.

      Ҳофиз бештар
    • Ман қатили ёраму хуш он қатил,

      К-ӯ тавонад домани қотил гирифт.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. касб кардан, ҳосил намудан; қабул намудан, аз худ кардан
    • Гуфтам, ки чу шамъи ман бимирад,

      Аз шамъи ту боз нур гирад.

      Ҳилолӣ
  3. забт кардан, истило кардан, тасаллут кардан, тасхир намудан, ишғол кардан; соҳиб шудан, ба даст даровардан
    • Искандари Зулқарнайн ... бар эшон фармуд, ки дар ин замин шаҳре бояд сохт, ки агар ҳамчу ман подшоҳе бар сари он шаҳр ояд, натавонад гирифт.

      Фатҳнома бештар
    • Имрӯз кушодаам забонро,

      З-ин теғ гирифтаам ҷаҳонро.

      Ҳилолӣ
    розигии касеро гирифтан راضیگی کسیرا گرفتن
    феъл
    розигии касеро ба даст овардан
  4. ситондан, рабудан, зӯран рӯёндан
    • Офтоби ҳусни ту то арсаи даврон гирифт,

      Равнақи бозори ҳусн аз Юсуфи Канъон гирифт.

      Махфӣ
    товон гирифтан تاوان گرفتن
    феъл
    зарари чизе ё касеро расидан ё пардохтан
  5. дастгир кардан, банд кардан, садд шудан, бастан пеши чизеро
    • Ба гирифтани ман чи эҳтиёҷ аст?

      Авфӣ бештар
    • Ҳар он ки бидид чашми ӯ, гуфт:

      Ку муҳтасибе, ки маст гирад?

      Ҳофиз
    даҳонро маҳкам гирифтан دهان را محکم گرفتن
    феъл
    даҳонро маҳкам пӯшондан
  6. рафтан ба сӯи чизе ё ҷое
    • Аз ғояти аҷзу номуродӣ,

      Гаҳ кӯҳ гирифту гоҳ водӣ.

      Ҳилолӣ
  7. расидан, рафта расидан
    • Ҳар ҷой ки шудандӣ, об эшонро гирифт.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  8. оғоз кардан, сар кардан, пеш гирифтан, иқдом кардан
    • Божгуна рафту безорӣ гирифт,

      Бо чунин дилдор киндорӣ гирифт.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бештар
    • Об аз замин барҷӯшид ва аз осмон боридан гирифт.

      Маҷмаъу-л-ансоб
    аз сар гирифтан از سر گرفتن
    феъл
    аз нав сар кардан, оғоз намудан
  9. фарз кардан, пиндоштан, тасаввур кардан, ангоштан
    • Гирифтам, ки ба хуни ин мард ташнаӣ, маҷлиси вазири маро ҳурмат ва ҳашмат боистӣ дошт

      Таърихи Байҳақӣ
  10. феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ, мас. айб гирифтан, хун гирифтан ва ғ.
    гирифтан бар касе گرفتن بر کسی гирифтан ба касе گرفتنبه کسی
    феъл
    маломат кардан, сарзаниш намудан касеро
    гирифтан дар касе گرفتن در کسی гирифтан андар касе گرفتن اندر کسی
    феъл
    асар кардан, таъсир бахшидан ба касе
    гирифтани дил аз чизе گرفتن دل از چیزی
    феъл
    малӯл шудан, ба танг омадани дил, безор шудан аз чизе
    гирифтани офтоб گرفتن آفتاب
    исм
    торик шудани рӯи офтоб дар натиҷаи пеши онро панаҳ кардани моҳ, кусуф
  11. ба нумув даромадан, нумув кардан, сабзидан, амал кардан
  12. тарошидан, буридан
    сар гирифтан سر گرفتن
    феъл
    сар буридан
  13. сакта пайдо кардан, лакнат пайдо намудан
    забонаш гирифт زبانش گرفت
    феъл
    забонаш дармонд
    овозаш гирифт آوازش گرفت
    феъл
    овозаш хаста шуд
  14. сайд кардан, шикор кардан, доштан
  15. воқеъ шудани кусуфу хусуфи Офтобу Моҳ
  16. маҷ. зан кардан, ба издивоҷ даровардан
  17. маҷ. хӯрдан, тановул кардан; нӯшидан
  18. фарз кардан, тасаввур кардан
    ба пеши чашм гирифтан به پیش چشم گرفتن
    пеши назар овардан, тасаввур кардан
  19. бо масдарҳо якҷоя омада, сар шудан ва давом доштани амалро мефаҳмонад
  20. дар таркибҳои феълӣ омада, барои худи шахс иҷро карда шудани амалро мефаҳмонад: кашида гирифтан, навишта гирифтан, харида гирифтан
  21. ҳамчун феъли ёридиҳанда феълҳои таркибӣ месозад: пешвоз гирифтан, авҷ гирифтан, барор гирифтан, дам гирифтан, нишон гирифтан, ором гирифтан, рухсат гирифтан, фаро гирифтан
    гирифтани вақт گرفتن وقت
    феъл
    гузаронидани вақт
    нафас гирифтан نفس گرفتن
    феъл
    нафас кашидан
    оташ гирифтан آتش گرفتن
    феъл
    1. 1.
      шуълавар шудан, даргирифтан, сӯхтан
    2. 2.
       маҷ. хашмгин шудан, оташин шудан
    печонда гирифтан پیچانده گرفتن
    феъл
    иҳота кардан, даври касе ё чизеро иҳота кардан
    унс гирифтан انس گرفتن
    феъл
    одат кардан; қарин шудан
    хун гирифтан касеро خون گرفتن کسیرا
    феъл
    аз хуни ноҳақ рехтааш дар талвосаи ҷон мондани касе; аз хуни ноҳақ рехташуда бо ягон тариқ ҷазо дидани касе
    қарор гирифтан قرار گرفتن
    феъл
    ором шудан, таскин ёфтан
    акси чизеро гирифтан عکس چیزیرا گرفتن ъакси чизеро гирифтан
    феъл
    мунъакис гардонидан; сурати чизеро бардоштан
    зери назар гирифтан زیر نظر گرفتن
    феъл
    назорат кардан; дар мадди назар қарор додан
    тарафи касеро гирифтан طرف کسیرا گرفتن
    феъл
    касеро ҳимоя кардан, аз касе тарафгирӣ кардан, касеро ҷонибдорӣ кардан
    худро ба даст гирифтан خود را به دست گرفتن
    феъл
    худро доштан ва идора кардан (мас., дар вақти хашм)
    шакли чизеро гирифтан شکل چیزیرا گرفتن
    феъл
    ба шакли чизе даромадан, ба сурате зоҳир шудан
    аз дасти касе гирифтан از دست کسی گرفتن
    феъл
    ба касе мадад расондан
    аз пои касе гирифтан از پای کسی گرفتن
    феъл
    ба касе часпидан, ба касе ноҳақ муддаӣ шудан
    ба гап гирифтан به گپ گرفتن
    феъл
    ба гап андохта боздоштан, ба гап андармон кардан
    ба назар гирифтан به نظر گرفتن
    феъл
    эътибор додан, аҳаммият додан
    ба ҳисоб гирифтан به حساب گرفتن
    феъл
    1. 1.
      дар назар доштан
    2. 2.
      ҳисоб кардан
    ҷонро ба каф гирифта جان را به کف گرفته
    киноя аз бо тамоми қувва…, бо ҷидду ҷаҳди тамом…; худро ба хатар андохта…

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гирифтан, маънии вожаи гирифтан, маънии калимаи гирифтан, маънии ибораи гирифтан, маънои гирифтан, маънои вожаи гирифтан, маънои калимаи гирифтан, маънои ибораи гирифтан, таърифи гирифтан, таърифи вожаи гирифтан, таърифи калимаи гирифтан, таърифи ибораи гирифтан, значение гирифтан, значение слова гирифтан, значение фразы гирифтан, значение выражения гирифтан, определение гирифтан, определение слова гирифтан, определение фразы гирифтан, определение выражения гирифтан