Чун ҷомаи чармин шумурам суҳбати нодон,
Зеро, ки гарон бошаду тан гарм надорад.
Гарм бурун ҷастам аз он рӯзагоҳ,
Не хабарам аз сару не аз кулоҳ.
Эй забардасти зердастозор,
Гарм то кай бимонад ин бозор?
Ба чи кор оядат ҷаҳондорӣ,
Мурданат беҳ, ки мадрумозорӣ.
бештарБозори шавқ гарм шуд, он шамърух куҷост?
То ҷони худ бар оташи рӯяш кунам сипанд.