Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
гап گپ I
исм
  1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ
    асли гап اصل گپ
    исм
    моҳияти ҳаққи гап; моҳияти фикру масъала
    дар рафти гап در رفت گپ
    зарф
    ҳангоми суҳбат, вақти муколама
    дар омади гап در آمد گپ
    зарф
    дар ҷараёни сухан, зимнан; дар мавриди муносибати сухан
    хулласи гап خلص گپ
    исм
    нигаред ба хулласи калом 1; хулоса
    бе ҳеч гап بی هیچ گپ
    зарф
    лом нагуфта, бидуни эътироз
    як даҳан гап یک دهن گپ
    исм
    сухани ниҳоят кам, як-ду ҳарф
    гап баромадан گپ برآمدن
    феъл
    ҳар гуна овоза ё миш-мишҳо пайдо шудан
    гап бофтан گپ بافتن
    феъл
    суханҳои беҳуда гуфтан, гапи беасос гуфтан
    гап гирифтан аз касе گپ گرفتن از کسی
    1. 1.
      қавл гирифтан аз касе, уҳдадор кардан касеро
    2. 2.
      аз гуфтаҳои касе сирру асрорро фаҳмида гирифтан; суханчинӣ кардан
    гап гузаронидан گپ گذرانیدن
    феъл
    фикри худро маъқул кунонидан, раъйи худро тасдиқ кунонидан
    гап додан گپ دادن
    феъл
    1. 1.
      бисёр гап задан, пургӯӣ кардан
    2. 2.
      лаққидан, гап фурӯхтан
    3. 3.
      маҷ. дар навбати худ зиёфати гаштакро додан
    гап доштан گپ داشتن
    феъл
    чизеро гуфтанӣ будан, хоҳиши изҳор кардани чизе ба касе 
    гап ёд додан گپ یاد دادن
    феъл
    ба касе сухан омӯхтан, гуфтани чизеро омӯзондан, суханеро ба касе талқин кардан, ки дар фикри худи он шахс набошад 
    гап гирифтан گپ گرفتن
    феъл
    1. 1.
      гуфтугӯ кардан, суҳбат намудан, мубодилаи афкор кардан
    2. 2.
      ҳарфе зада ҷавоби сазовор гирифтан, ба касе гапе гуфта баъд ба бало мондан
    гапи касеро буридан گپ کسیرا بریدن
    феъл
    гуфтори касеро қатъ кардан; ба гапзании касе халал расондан 
    гапи касеро гардондан گپ کسیرا گرداندن
    феъл
    сухани касеро рад кардан 
    гап кардан чизе ё касеро گپ کردن چیزی یا کسیرا
    феъл
    овозаи бад паҳн кардан дар бораи чизе ё касе; бадном кардан касеро 
    гап-гап кардан گپ گپ کردن
    феъл
    гуфтугӯ кардан, суҳбат намудан, гап задан 
    гап кофтан گپ کافتن
    феъл
    касеро гап занондан барои фаҳмида гирифтани чизе; кунҷковӣ кардан, тагпурсӣ кардан 
    гап кушодан گپ گشادن
    феъл
    гап сар кардан, сухан оғоз кардан (дар бораи касе, коре); бо мақсаде гаперо ба миён овардан 
    гап наёфтан گپ نیافتن
    феъл
    аз гуфтани ҷавобе оҷиз мондан; чизе гуфта натавонистан 
    гап задан گپ زدن I
    феъл
    1. 1.
      сухан гуфтан, ҳарф задан
    2. 2.
      бо касе гуфтугӯ кардан барои розӣ кунондани он ба коре
    гап парондан ба касе گپ پراندن به کسی
    феъл
    ягон сухани кинояомез ба касе расонда гуфтан, сухани ба асаби касе расандаро ба ӯ гуфтан 
    гап партофтан گپ پرتافتن
    феъл
    1. 1.
      бо мақсади ба гуфтугӯ даровардани касе сухане гуфтан; ба духтарҳои ношинос сухан гуфтани касони беадаб
    2. 2.
      дар хусуси чизе сухан сар карда, раъйи касеро дар бораи он чиз фаҳмиданӣ шудан; луқма додан
    гап расондан ба касе گپ رساندن به کسی
    феъл
    1. 1.
      хабардор кардани касе аз чизе
    2. 2.
      ба маломату сарзаниш дучор кардан касеро
    гап фурӯхтан گپ فروختن
    феъл
    гапҳои беҳударо бисёр гуфтан, лаққидан, сафсата гуфтан 
    гап омадан گپ آمدن
    феъл
    фавран ба гуфтани чизе эҳтиёҷ пайдо шудан; забон боз шудан; фаро расидани мавқеъи сухан гуфтан
    гапи сахт задан گپ سخت زدن
    феъл
    сухани дағал гуфтан; маломат кардан, муъомалаи дурушт кардан бо касе 
    гап форидан گپ فاریدن
    феъл
    майли суханшунавӣ доштан, майли гап гӯш кардан доштан 
  2. сухани беҳуда ва беасос, лоф
    гап-гап گپ گپ
    сифат
    1. 1.
      гуфтугӯ, чақ-чақ, суҳбат
    2. 2.
      гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш-миш дар ҳаққи касе (чизе)
    гапи беҳуда گپ بیهوده
    сифат
    сухани пуч, гапи бемаънӣ
    гапи беҷо گپ بیجا
    ҳарфи бемаврид; сухани ноҳақ
    гапи бофта گپ بافته
    сухани беасос
    гапи дағал گپ دغل
    сухани дурушт
    гапи дурӯғ گپ دروغ
    сухани норост, гапи аз ҳақиқат дур
    гапи духӯра گپ دوخوره
    сухани думаънидор, гапе, ки ду хел – мусбат ва манфӣ фаҳмида мешавад
    гапҳои кӯчагӣ گپهای کوچگی
    сифат
    1. 1.
      суханҳои беасос, дурӯғ; овозаи дурӯғ ва беасос
    2. 2.
      суханҳои беадабона ва носазо
    гапи муҳим گپ مهم
    сухани зарур, гапи даркорӣ
    гапи нав گپ نو
    сухани тоза; хабари тоза
    гапҳои пасту баланд گپهای پست و بلند
    исм
    суханҳои тезу тунд; суханҳои ноҳамвори дағали дар вақти хашму ғазаб гуфташуда
    гапи пухта گپ پخته
    сухани эътимоднок, гуфтори боварибахш
    гапи рост گپ راست
    сухани ҳақ
    гапи сахт گپ سخت
    сухани дағал, ҳарфи дурушт
    гапи тоза گپ تازه
    нигаред ба гапи нав 1; сухани тоза; хабари тоза
    гапҳои умумӣ گپهای عمومی
    сифат
    суханҳои ба ҳама маълум, суханҳои обшуста
    гапи хунук گپ خنک
    сухани нофорам, ки шуниданаш ба кас ҳиссиёти бад мебахшад
    гапи хушк گپ خشک
    сухани пуч ва бемаънӣ; сухани беамал
    гапҳои ғалатӣ گپهای غلطی
    сифат
    суханҳои аҷоиб
    гапи ҳақ گپ حق
    исм
    сухани рост
    гапу калоча گپ و کلاچه
    сифат
    сухани майда-чӯйда, суханҳои бисёри саргуми беҳуда
    гап чидан گپ چیدن
    феъл
    гап гӯш карда сирро фаҳмидан, суханчинӣ кардан 
    гап-гап шудан گپ گپ شدن
    феъл
    гуфтугӯ шудан, сухан рафтан; баҳс шудан 
    гап шунидан گپ شنیدن
    феъл
    1. 1.
      сухан гӯш кардан
    2. 2.
      мавриди маломат ва сарзаниш қарор гирифтан
    гап аз як ҷо баромадан گپ از یک جا برآمدن
    киноя аз ҳамфикр будан, мувофиқу муттафиқ будан (доир ба чизе ё иҷрои коре) 
    гапро ба худ гирифтан گپ را به خود گرفتن
    феъл
    суханеро ба худ дахлдор дониста мутаассир шудан, ранҷидан аз сухане 
    гапро ба шӯхӣ гардондан گپ را به شوخی گرداندن
    феъл
    ба гуфторе оҳанги шӯхӣ додан, ба гапи ҷиддӣ ранги шӯхӣ додан 
    гапро бисёр кардан گپ را بسیار کردن
    феъл
    бисёр гап задан, лақидан 
    гапро гум кардан گپ را گم کردن
    феъл
    чи гуфтани худро надониста мондан, риштаи суханро гум кардан 
    гапи касе дар замин намондан گپکسی در زمین نماندن
    феъл
    сухани касе бетаъсир намондан, беэътибор намондани ҳарфи касе 
    гап дар чизе будан گپ در چیزی بودن гап дар сари чизе будан گپ در سر چیزی بودن
    феъл
    сухан рафтан дар бораи чизе; ба чизе вобаста будани масъалае 
    гапро дароз кардан گپ را دراز کردن
    феъл
    суханро кашол додан, бисёр гап задан 
    гапро дигар кардан گپ را دیگر کردن
    феъл
    1. 1.
      мавзӯи суханро дигар кардан, гуфтугӯро тағйир додан
    2. 2.
      маҷ. аз раъй баргаштан, аз қарордод гаштан
    гапро дониста задан گپ را دانسته زدن гапро дониста гуфтан گپ را دانسته گفتن
    феъл
    бо мулоҳиза сухан гуфтан, масъалаеро дуруст фаҳмида, дар бораи он чизе гуфтан 
    гапро кашол додан گپ را کشال دادن
    феъл
    пургӯӣ кардан, гапро бисёр кардан 
    гапро кӯтоҳ кардан گپ را کوتاه کردن
    феъл
    суханро мухтасар кардан; суханро қатъ кардан, аз гап бозистодан 
    гапро харида гирифтан گپ را خریده گرفتن
    феъл
    гапе гуфта дар маломат мондан, боиси гапҳои зиёдатӣ шудан 
    гапро як кардан گپ را یک کردن
    феъл
    гапро пазондан, ба як қарор омадан, гапро ба як ҷо мондан 
    гапро ба ҷояш хӯрондан گپ را به جایش خوراندن
    феъл
    муносиби мавриду мақом гап задан, сухани хеле бамавқеъ гуфтан 
    аз гапи касе набаромадан از گپ کسی نبرآمدن
    феъл
    мувофиқи раъйи касе кор кардан, мувофиқи гуфтаи касе амал кардан
    аз гапи худ гаштан از گپ خود گشتن
    феъл
    ваъдахилофӣ кардан, ба қавлу қарордоди пешинаи худ пойдор набудан 
    аз гап камӣ надоштан از گپ کمی نداشتن
    феъл
    гапдон будан, дар сухангӯӣ моҳир будан 
    ба гап гӯш кардан به گپ گوش کردن
    сухан шунавидан; мувофиқи гуфтаи касе амал кардан, розӣ шудан ба гуфтаи касе 
    ба гап даромадан به گپ درآمدن
    феъл
    сухан сар кардан, ба суханронӣ шурӯъ кардан 
    ба гапи касе даромадан به گپ کسی درآمدن
    1. 1.
      ба гуфтаи касе эътибор додан, мувофиқи гуфтаи касе амал кардан
    2. 2.
      бовар кардан ба гапи касе
    ба гап усто будан به گپ استا بودن
    феъл
    гапдон будан, дар суханронӣ маҳорат доштан 
    ба гап ҷома пӯшондан به گپ جامه پوشاندن
    1. 1.
      доди сухан додан, бо обу ранг сухан кардан
    2. 2.
      аз ҳад зиёд таъриф карда сухан гуфтан
    рости гап راست گپ
    сифат
    ҳақиқатан, дар ҳақиқат; дурусттараш 
    хуб гап خوب گپ
    нидо
    хуб мешуд, хуб буд; қаноъатманд шудан мумкин аст 
    чи гап چه گپ
    чи воқеъа рӯй дод?, чи ҳодиса шуд?, чи шуд? 
    рости гапро гуфтан راست گپ را گفتن
    феъл
    ҳақиқати ҳолро баён кардан, асли воқеъаро гуфтан… 
    ҳеч гап нашудан هیچ گپ نشدن
    феъл
    ҳодисае рӯй надодан, осебе нарасидан 
    ҷои гап набудан جای گپ نبودن
    феъл
    худ аз худ равшан будан; бешакку шубҳа 
    гап нагузаштан گپ نگذشتن
    феъл
    эътибор надодани сухан 
    гап гурехтан گپ گریختن
    феъл
    ҳусни тафоҳум аз байн рафтан; муносибат вайрон шудан
    гапи калон گپ کلان
    киноя аз кори шоёни таҳсин; хуб аст, бисёр хуб мешавад 
    гапи ширин گپ شیرین
    исм
    сухани нарм ва гуворо, гапи форам, муъомалаи ҳалимона
  3. лаҳҷавӣ нигаред ба гапхӯрӣ 1; маҷ. гаштак
гап گپ II
исм
роёна ва фанноварии иттилоот гуфтугӯи интернетӣ миёни ду ё чанд корбар

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гап, маънии вожаи гап, маънии калимаи гап, маънии ибораи гап, маънои гап, маънои вожаи гап, маънои калимаи гап, маънои ибораи гап, таърифи гап, таърифи вожаи гап, таърифи калимаи гап, таърифи ибораи гап, значение гап, значение слова гап, значение фразы гап, значение выражения гап, определение гап, определение слова гап, определение фразы гап, определение выражения гап