Ишқ асту бас, ки дар ду ҷаҳон ҷилва мекунад,
Гоҳ аз либоси шоҳу гаҳ аз кисвати гадо.
бештарҲангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Чун Ҳилолиро ба хоки остонаш дид, гуфт:
Ин гадоро бин, ки бас олиҷаноб афтодааст.
Ҳазор нома навиштам мани гадо, лекин
Яке ба ҳазрати султон намерасад, чи кунам?