Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
вақт وقت I
арабӣ
исм
  1. гоҳ, ҳангом, ҳиссае аз замон, соъатҳои муайяни шабу рӯз
    • Вақте ки тулӯъи субҳи азрақ бошад,

      Бояд ба кафат ҷоми мураввақ бошад.

      Гӯянд, ки ҳақ талх бувад дар ҳама ҳол,

      Бояд ба ҳама ҳол, ки май ҳақ бошад.

      Хайём бештар
    • З-аввали рӯз то ба вақти завол,

      Гӯр мерафту шер дар дунбол.

      Низомӣ
    вақти истиво وقت استواء
    зарф
    ними рӯз, қиём
    вақт-вақт وقت وقت
    зарф
    гоҳ-гоҳ, гоҳо
  2. фурсат ва муддати одатан муқарраршудаи коре; муҳлат
    • Ироқу Форс гирифтӣ ба шери хуш, Ҳофиз,

      Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.

      Ҳофиз
  3. фасл, мавсим
    • Дӯстон, вақти гул он беҳ, ки ба ишрат кӯшем,

      Сухани пири муғон аст: ба ҷон май нӯшем.

      Ҳофиз
    вақти байза وقت بیضه
    исм
    вақти тухм мондан
    вақти бор وقت بار
    исм
    вақти ҳосилдиҳӣ
    вақти гул وقت گل
    исм
    фасли баҳор
    вақти минҷал وقت منجل
    исм
    вақти дарав
  4. аҳд, давр замон
    • Гуфтам, ки на вақти сафарат буд чунин зуд,

      Гуфто, ки магар маслиҳати вақт чунин буд.

      Ҳофиз бештар
    • Мардумони вақт Нуҳро ба фарзандон намудандӣ.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  5. карат, навбат: панҷ вақт намоз
вақт وقت II
исм
варзиш муддатзамони баргузории як мусобиқа; замон 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии вақт, маънии вожаи вақт, маънии калимаи вақт, маънии ибораи вақт, маънои вақт, маънои вожаи вақт, маънои калимаи вақт, маънои ибораи вақт, таърифи вақт, таърифи вожаи вақт, таърифи калимаи вақт, таърифи ибораи вақт, значение вақт, значение слова вақт, значение фразы вақт, значение выражения вақт, определение вақт, определение слова вақт, определение фразы вақт, определение выражения вақт