Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
бор بار IV
исм
дафъа, карат; мартаба
  • Дар ишқи ту бар умеди суде,

    Сад бор маро зиён расидаст. 

    Анварӣ бештар
  • Ошиқи худро чаро ҳар бор гӯи бевафо,

    Гар наранҷад хотири ту, бевафо гӯям, ки кист.

    Камоли Хуҷандӣ
боре باری
зарф
  1. 1.
    як бор; ягон бор; кошки ягон бор!
  2. 2.
    алқисса; ба ҳар ҳол; модом ки
бори дигар بار دیگر
исм
даъфаи дуюм, боз, аз сари нав
дар бор در بار
зарф
даррав, дарҳол, фавран
бор بار I
паҳлавӣ
исм
  1. ҳамлае, ки бар пушт ниҳода аз ҷое ба ҷое мебаранд
    • Чу сесад буна барниҳоданд бор,

      Ду сесад ҳамон аз дари корзор. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. вазнини, гаронӣ
    • Замин аз бори лашкар буд бистӯҳ,

      Ки мерафтанд ҳамчун оҳанин кӯҳ.

      Фахриддини Гургонӣ бештар
    • Бар тани Ширин назар ҳам ҳаст бор аз нозукӣ,

      Бар дили Фарҳод кӯҳи Бесутун ҳам бор нест.

      Хусрави Деҳлавӣ
  3. маҷ. ғам, ғусса, андӯҳ
    • Бар аз хотири бузургвор зоил шавад. 

      Авфӣ
бор بار II
паҳлавӣ
исм
бар, мева, самар; ҳосил
  • Яке мевадоре бимонад зи ман,

    Ки монад ҳаме бори ӯ бар чаман. 

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Дарахт падид омад ва онро бех ва соқ ва барг ва бор пайдо шуд.

    Маҷмаъу-л-ансоб
  • Афсус аз он ки охири кор

    Худ меваи талх медиҳад бор. 

    Шоҳин
бор بار III
исм
қабул, пазироӣ (дар боргоҳ); иҷозат, рухсат барои даромадан ба ҳузури подшоҳ
  • Ҳуҷҷоб арза доштанд; Салом ба салом омадааст ва бор мехоҳад. 

    Авфӣ бештар
  • Хилвате он чунон ки андар вай

    Ҳеч махлуқро набошад бор.

    Камоли Исмоил
бор بار V
исм
шоха, шохи дарахт; шохи наботот
  • Ду чашми оҳуву ду наргиси шукуфта ба бор

    Дурусту рост бад-он чашмакони ту монад. 

    Дақиқӣ бештар
  • Агар нестӣ фарри ин тоҷдор,

    Сарат кандаме чун турунҷе зи бор. 

    Абулқосим Фирдавсӣ
Бор بار VI
исм
шакли мухаффафи борӣ II 1; Офаридгор, Худованд: эй бор Худо, эй бор Худоё
бор بار VII
исм
ҳамлунақли ҳавоӣ ҳар навъ боре, ки ҳавопаймо ҳамл кунад, ғайр аз мусофирон ва чамадонҳои онон; дар ҳавопаймои низомӣ, ҳар боре ба ҷуз инсону таслиҳот ва васоили шахсии сарнишинон
бор بار VIII
исм
пизишкӣ миқдори қобили андозагирии тавлиди андомагони беморизо, ки дар ибтило ба беморӣ ва вахомату пешогаҳии беморӣ муассир аст
бор بار IX
исм
роёна ва фанноварии иттилоот миқдори додаҳое, ки аз тариқи шабака мунтақил мешавад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бор, маънии вожаи бор, маънии калимаи бор, маънии ибораи бор, маънои бор, маънои вожаи бор, маънои калимаи бор, маънои ибораи бор, таърифи бор, таърифи вожаи бор, таърифи калимаи бор, таърифи ибораи бор, значение бор, значение слова бор, значение фразы бор, значение выражения бор, определение бор, определение слова бор, определение фразы бор, определение выражения бор