Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
бол بال I
исм
узве, ки парандаҳо бо воситаи он парвоз мекунанд, қанот
  • То пир нашуд мард, надонад хатари умр,

    То монда нашуд мурғ, надонад хатари бол.

    Кисоӣ бештар
  • Аз роҳи ҳавас чанд диҳӣ арзи муҳаббат,

    Мактуб набанданд ба боли магас ин ҷо.

    Бедил
бол афшондан بال ‌افشاندن бол фишондан بال ‌ فشاندن
феъл
  1. 1.
    ҳаракати парвоз кардан, бол кушодан, парвоз кардан, паридан
  2. 2.
    маҷ. даст афшондан дар вақти рақс; чапак задан
бол фурӯ بال فرو
ҳиштан қанотҳоро ғун кардан, хам кардан, даркашидан
боли Анқо بال عنقا боли Ъанқо
киноя аз пайи иҷрои кори ношуданӣ ва номумкин рафтан 
боли уруҷ بال عروج боли ъуруҷ
кушодан; киноя аз парвоз кардан, боло рафтан
болу пар بال و پر
исм
  1. 1.
    қанот, пару қаноти мурғон
  2. 2.
    маҷ. воситаи парвоз кардан; қобилияти паридан; қудрат, тавоноӣ
бол بال II
исм
дил, ҷон, қалб; хотир
  • Пас дар ҳама умри худ надидам,

    Ороми тану фароғати бол. 

    Савдо
бол بال III
исм
муҳандисии умрон қисмате аз сатҳи мақтаъи тир, ки дар боло ва поини тир қарор мегирад ва нақши аслии он муқовамат дар баробари хамиш аст
бол بال IV
исм
ҳунарҳои намоишӣ ҳар як аз фазоҳои канори саҳна, ки аз диди тамошогар пинҳон аст 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бол, маънии вожаи бол, маънии калимаи бол, маънии ибораи бол, маънои бол, маънои вожаи бол, маънои калимаи бол, маънои ибораи бол, таърифи бол, таърифи вожаи бол, таърифи калимаи бол, таърифи ибораи бол, значение бол, значение слова бол, значение фразы бол, значение выражения бол, определение бол, определение слова бол, определение фразы бол, определение выражения бол