Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
бод باد I
исм
  1. ҷараёни уфуқии ҳаво, вазиши ҳаво, шамол; яке аз чаҳор унсури ташкилдиҳандаи ҷаҳони ҳастӣ (об, оташ, хок, бод)
    • Дунболи писар чу бод мерафт,

      Чун ҳама ба ҳар савод мерафт.

      Шоҳин
    боди самум باد سموم
    исм
    шамоли гарми зараровар дар биёбонҳо
    боди мурод باد مراد
    боди матлуб, боди мувофиқ
    боди мухолиф باد مخالف I
    боди номувофиқ, боди носозгор, боди сахт, тунд
    боди озарӣ باد آذری
    исм
    насими баҳорон
    боди сабо باد صبا I
    исм
    бодест, ки аз мобайни шарқу шимол вазад ва боди барин ҳамин аст
    боди сарсарӣ باد سرسری
    исм
    боди тунд ва хунук
    боди фурӯдин باد فرودین
    исм
    боди дабур, боде, ки аз тарафи ғарб мевазад ва зарараш аз фоидааш зиёдтар аст; муқобили боди барин
    бод кардан باد کردن
    феъл
    1. 1.
      бод додан, шамол додан
    2. 2.
      нафх кардан, варам кардан, омос шудан, мунтафах шудан, интифох
    3. 3.
      такаббур кардан, фахр кардан, фахр фурӯхтан, фис кардан
    4. 4.
      ба фурӯш нарфтани коло ва мондан дар рӯйи дасти соҳибаш
    5. 5.
      маҳв карадан
    6. 6.
      дамидан дар созҳои бодӣ ва ба садо даровардани онҳо
  2. насим, роиҳа
    • Зи бас аз боди зулфаш хонаам имшаб муаттар шуд,

      Надонам аз канори нофа ҷайби равзани худро.

      Шавкат
  3. маҷ. оҳ
    • Баровард аз сари ҳасрат яке бод,

      Ки Ширин мурду огаҳ нест Фарҳод.

      Низомӣ бештар
    • Бадсиголони туро як дам задан холӣ мабод

      Сар зи хоку лаб зи боду дил зи нору чашм аз об.

      Абдулвосеъи Ҷабалӣ
    боди сард باد سرد
    исм
    1. 1.
      шамоли хунук
    2. 2.
      маҷ. оҳи сард
  4. нафҳ; боди шикам
    • Шароби нав нашояд мардумонеро, ки тарӣ доранд ва бод бар эшон ғалаба дорад.

      Хайём
    бод дардамидан باد دردمیدن
    феъл
    пуф кардан
  5. маҷ. ҳеч
    • Пеши соҳибназарон мулки Сулаймон бод аст.

      Равзату-с-сафо бештар
    • Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,

      Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

      Рӯдакӣ
    бод доштан باد داشتن
    феъл
    чизеро ҳеч шумурдан
  6. маҷ. навхат, ғурур, кибр, бодигӣ
    • Нашояд бани одамӣ хокзод,

      Ки дар сар кунад кибру тундиву бод

      Саъдӣ бештар
    • Чун расул ба Ғазнин расид, боди тахт ва мулк бар сари бародари мо шуда буд.

      Таърихи Байҳақӣ
  7. номи пардае дар мусиқӣ
    • Пардаи рост занад нозу дар шохи чинор,

      Пардаи бод занад қумрӣ бар норвано.

      Манучеҳрӣ
    боди бурут باد بروت
    исм
    киноя аз худбинӣ, ғурур, бодигӣ
    боди фатқ باد فتق боди фатақ
    исм
    касалии дабба; бод кашидан заҳмат ва ранҷи беҳуда кашидан; оҳ кашидан
    бод паймудан باد پیمودن
    феъл
    кори беҳуда ва бефоида кардан
    бод санҷидан باد سنجیدن
    феъл
    киноя аз сухани беҳуда гуфтан ,ҳарзагӯӣ кардан
    бод ба даст باد به دست
    будан ҳеч чиз надоштан, дастхолӣ будан
    бод дар анбони касе будан باد در انبان کسی بودن
    киноя аз тиҳидаст будан
    бод дар кулоҳ афкандан باد در کلاه ‌افکندن
    феъл
    киноя аз ғуруру нахват пайдо кардан
    бод дар мушти касе мондан باد در مشت کسی ماندن
    феъл
    киноя аз холӣ мондани дасти касе
    бод дар қафас кардан باد در قفس کردن
    феъл
    кори беҳуда, бефоида ва бемаънӣ кардан
    ба бод додан به باد دادن
    феъл
    ба вазидан шамол муқобил гузоштан; ба воситаи шамол ба эҳтизоз ва ҳаракат даровардан, мас., зулфро
  8. киноя аз беҳуда зоеъ гардонидан
    • Умарои Низомшоҳӣ мунҳазим гашта, қариб як саду бист фил ба бод доданд.

      Таърихи Фаришта
    ба бод овардан به باد آوردن
    феъл
    киноя аз ночиз шумурдан, ҳеч донистан
    ба боди исм рафтан به باد اسم رفتن
    феъл
    мағрур шудан ба номи худ
    бар боду ҳаво дардодан بر باد و هوا دردادن
    феъл
    беҳуда зоеъ гардонидан
    бо бод рост шудани чизе با باد راست شدن چیزی бо бод рост гаштани чизе با باد راست گشتن چیزی
    киноя аз несту нобуд шудан, бекор ва ботил шудани чизе
    сар ба бод додан سر به باد دادن
    феъл
    нобуд шудан, ба ҳалокат расидан 
бод باد II
феъл
шакли кӯтоҳшудаи бошад 1; (дар хитоб)
  • Биё, биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод,

    Саре, ки бар тани ман ҳаст, хоки пои ту бод! 

    Ҳилолӣ
бод باد III
исм
улуми ҷавв ҳаракати ҳаво нисбат ба сатҳи Замин

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии бод, маънии вожаи бод, маънии калимаи бод, маънии ибораи бод, маънои бод, маънои вожаи бод, маънои калимаи бод, маънои ибораи бод, таърифи бод, таърифи вожаи бод, таърифи калимаи бод, таърифи ибораи бод, значение бод, значение слова бод, значение фразы бод, значение выражения бод, определение бод, определение слова бод, определение фразы бод, определение выражения бод