Ҳаёти Саъдӣ он бошад, ки бар хоки дарат мирад,
Даре дигар намедонам, макун маҳрум аз ин бобам.
бештарЗи инқилоби фалак нола дораму фарёд,
Ки ҳеч гаҳ ба рухам боби роҳате накушод.
Кӯза, ки борик бувад боби вай,
З-ӯ ҳама борик равад обу май.
Ин равзаи ризо ва ҳадиқаи улё чун биҳишт ба ҳашт боб иттифоқ афтод.
Ба сад ваҷҳ рӯи ту гулзори ҷон,
Ба сад боб кӯи ту бозори ҷон.
Қазо бар рӯи арақноки ӯ чи пардозад,
Ки боби хат набувад коғазе, ки об гирифт.
Агар бобро соя рафт аз сараш,
Ту дар сояи хештан парвараш.
Як бор табъи одамиён гиру мардумон,
Гар одам аст бобату фарзанди бобакӣ.
Дилам, ки ишқ бар ӯ сад дари бало бикушод,
Рухи умед натобад ба ҳеч боб аз ту.