билет
фаронсавӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
  1. ҳуҷҷат барои истифода аз нақлиёт (қатора, ҳавопаймо, автобус ва ғ.) ва ё барои дохил шудан ба тамошогоҳҳо (кино, театр ва ғ.), ки ба ивази пул медиҳанд; пата (барои қатора), чипта
    билети дусара بلیت دوسره
    исм
    билете, ки барои рафту баргашт дар масире якҷо харидорӣ шавад
    билети тамомсайр بلیت تمام‌مسیر
    исм
    билети яксара барои тамоми масир, ки бо он мусофир битавонад бидуни таъвизи қатор мусофират кунад
    билети моҳона بلیت ماهانه
    исм
    навъе билети эътиборӣ, ки аз таърихи мушаххасе ба муддати як моҳ муътабар бошад
    билети тахфифдор بلیت تخفیف‌دار
    исм
    билете, ки барои гурӯҳҳои хосс, монанди донишҷуён ва маъмурони интизомию ҷонибозон, дар назар гирифта шуда бошад ва бо маблағи камтар аз қимати аслӣ ба ин афрод фурӯхта шавад
    билети вижа بلیت ویژه
    исм
    билете бидуни таърихи эътибори муайян ва бидуни маҳдудияти таърихи истифода
    билети тамомрӯзодно بلیت تمام‌روز
    исм
    билети муътабар барои як рӯзи комил ё мусофиратҳои мутааддид дар як таърихи муайян
    билети эътиборӣ بلیت اعتباری
    исм
    билете, ки барои истифода дар муддатзамони хосс, масалан як ҳафта ё як моҳ ё як сол, муътабар бошад; ин билет мумкин аст рамздор бошад
    билети тамомбаҳо بلیت تمام‌بها
    исм
    билете, ки мусофир бо хариди он, тамоми маблағи билет ё маблағи мундариҷ дар ҷадвали кирояро бипардозад
    билети миғнотисӣ بلیت مغناطیسی
    исм
    навъе билети ғолибан эътиборӣ бо пӯшиши миғнотисӣ, ки ворасии он ба василаи дастгоҳ сурат гирад
    билетхон بلیت‌خوان
    исм
    дастгоҳе барои ворасӣ ва каср кардани эътибори билет ва муайян кардани эътибори боқимонда дар билетҳои миғнотисӣ ё муддатдор
    билети саросарӣ بلیت سراسری
    исм
    билете, ки бо ироаи он ва ворид шудан ба як истгоҳ битавон дар масирҳои мухталиф ва бо таъвизи хатт, дар ҳар масире мусофират кард, бо хурӯҷи мусофир аз як истгоҳ, билет эътибор худро аз даст медиҳад
    билети таксафара بلیت تک‌سفره
    исм
     билете, ки барои як бор мусофират дар масири мушаххасе истифода шавад ва пас аз расидан ба мақсади дигар қобили истифода набошад
  2. ҳуҷҷати расмӣ (одатан ба шакли китобча ё дафтарча), ки аз таъаллуқ доштан ба ягон созмон, ҳизб ва ё аз уҳдадор будан дар коре шаҳодат медиҳад
  3. варақае, ки дар он суолҳои имтиҳонӣ навишта шудааст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии билет, маънии вожаи билет, маънии калимаи билет, маънии ибораи билет, маънои билет, маънои вожаи билет, маънои калимаи билет, маънои ибораи билет, таърифи билет, таърифи вожаи билет, таърифи калимаи билет, таърифи ибораи билет, значение билет, значение слова билет, значение фразы билет, значение выражения билет, определение билет, определение слова билет, определение фразы билет, определение выражения билет