ба به II
ҳиссача
қасам ба..., савганд ба..., ба ҳурмати..., ба дӯстӣ қасам ба дӯстӣ
ба мардӣ به مردی
нидо
қасам ба мардӣ
ба به I
пешоянд
  1. ишора ба сӯ, тараф
    • Оҳу зи танги кӯҳ биёмад ба дашту роғ,

      Дар сабза бода хуш бувад, акнун агар хӯрӣ.

      Рӯдакӣ
  2. дар ҷое будани чизе ё касеро мефаҳмонад
    • Ба Ҳиндустон буд меҳтар писар,

      Ки Баҳман будӣ номи он номвар.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Шабу рӯз будӣ дубаҳра ба зан,

      Зи роҳи бузургӣ, на аз роҳи кин.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  3. дар бораи ..., дар хусуси.... роҷеъ ба..., дар бобати..., оид ба...,
    • Сад ёр бувад ба нон, шаке нест,

      Чун кор ба ҷон бувад, яке нест.

      Хусрави Деҳлавӣ
  4. барои..., аз барои...; ба сабаби...
    • Ман бад-он омадам ба хидмати ту,

      То барояд рутаб зи конозам.

      Рӯдакӣ бештар
    • Дар чаман боди баҳорӣ зи канори гулу сарв,

      Ба ҳаводории он оразу қомат бархост.

      Ҳофиз
  5. мувофиқи..., мутобиқи..., аз рӯи...
    • Замона аспу ту роиз, ба райи хешат тоз,

      Замона гӯю, ту чавгон, ба райи хешат боз!

      Рӯдакӣ бештар
    • Оташро қиблаи худ соз, то корҳо ба мурод шавад.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  6. баробари..., баробар ба..., мисли..., монанди..., назири..., шабеҳи...
    • Агар сарве ба болои ту бошад,

      На чун қадди дилорои ту бошад.

      Саъдӣ бештар
    • Эй он ки ба иқболи ту дар олам нест,

      Гирам ки ғамат нест, ғами мо ҳам нест.

      Саъдӣ
  7. аз ҷиҳати..., аз нуқтаи назари..., аз ҳайси ...
    • Устод донист, ки ҷавон ба қувват аз ӯ бартар аст.

      Саъдӣ
  8. ба шумори..., ба ҳисоби..., ба миқдори..., андозаи...,
    • Ба сад корвон уштуре сурхмӯй,

      Ҳама ҳезум овард пархошҷӯй.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ҳисоб ба динор, бахшиш ба хирвор.

      Зарбулмасал
  9. дар баъзе мавридҳои калимабандӣ ва иборасозӣ таркибҳои зарфи ё сифатӣ ба вуҷуд меорад
  10. бо исми (гоҳо бо зарф) омада, таркиби зарфӣ ташкил медиҳад: ба зудӣ, ба аҷала, ба шитоб, ба ногоҳ
    • Бақои ӯ чу ба сад солу бисту се бирасид,

      Зи ҷоми марг ба ногоҳ хӯрд як соғар.

      Носири Хусрав бештар
    • Ки тезиву тундӣ наёяд ба кор,

      Ба нарми дарояд зи сурох мор.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    • Ҳамешуданд ба бечорагӣ ҳазиматиён

      Гусаста пушту гирифта гуреғро ханҷор.

      Унсурӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ба, маънии вожаи ба, маънии калимаи ба, маънии ибораи ба, маънои ба, маънои вожаи ба, маънои калимаи ба, маънои ибораи ба, таърифи ба, таърифи вожаи ба, таърифи калимаи ба, таърифи ибораи ба, значение ба, значение слова ба, значение фразы ба, значение выражения ба, определение ба, определение слова ба, определение фразы ба, определение выражения ба