Дар коргаҳи кӯзагаре будам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш,
Ҳар як ба забони ҳол бо ман мегуфт:
Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?