барқ برق
арабӣ
исм
  1. ҳодисаи табиъат, ки дар натиҷаи бархӯрдани зарядҳои мусбату манфии абрҳо бо дурахшиш ва таркиши босуръату пурқувват дар фазои Замин ба амал меояд, аловак, озарахш, соиқа
    • Тундур миёни дашт ҳаме бод бардамад,

      Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.

      Рӯдакӣ бештар
    • Фиристодаме низ чун барқу раъд,

      Фиристод аз ин сӯ ба наздики Саъд. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    барқи равшан برق روشن
    дурахши пурнур, шарарфишон, шуълапош
    барқ задан касеро|чизеро برق زدن کسی را|چیزی را
    феъл
    сӯзондан ва ё ҳалок кардани барқ чизе ё касеро
  2. маҷ. равшанӣ, нур; дурахш, ҷило
    • Ҷавон ... барқи шамшери саворон надида.

      Саъдӣ бештар
    • Бошад аз барқи нигоҳи ту чароғам равшан.

      Имшаб аз пардаи бодом маро фонус аст.

      Шавкат
    барқ задан برق زدن
    феъл
    маҷ. дурахшидан, тобидан, ҷило додан
    барқ бар хирмани касе афкандан برق بر خرمن کسی ‌افکندن
    киноя аз оташ ба хирман задан, сӯзондан; нест кардан, барбод додан, зиён расонидан ба кори касе
  3. нерӯи барқ, қувваи барқ
    ҳисобкунаки барқ حسابکنک برق
    исм
    олати ҳисобкунандаи масрафи қувваи барқ, барқҳисобкунак, барқшумор

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии барқ, маънии вожаи барқ, маънии калимаи барқ, маънии ибораи барқ, маънои барқ, маънои вожаи барқ, маънои калимаи барқ, маънои ибораи барқ, таърифи барқ, таърифи вожаи барқ, таърифи калимаи барқ, таърифи ибораи барқ, значение барқ, значение слова барқ, значение фразы барқ, значение выражения барқ, определение барқ, определение слова барқ, определение фразы барқ, определение выражения барқ