ашк اشک I
исм
  1. қатра, қатраи об
    • Чунон шуд зулм дар айёми ӯ гум,

      Ки ашке дар миёни баҳри Кулзум.

      Аттор
    ашки кабоб اشک کباب
    исм
    қатраҳое, ки вақти пухтани кабоб ба рӯи оташ мечаканд
    ашки меғ اشک میغ
    исм
    қатраи борон; борон
  2. обе, ки аз гиря ва бо таъсири ҳиссиёти ҷисмӣ ё рӯҳӣ аз чашм фурӯ мерезад, сиришк, оби дида; қатраи оби чашм; гиря
    • Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,

      Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.

      Ҳофиз бештар
    • Дидаи бедораш чун абри найсонӣ ашк боридан оғоз кард.

      Анвори Суҳайлӣ
    ашки бемоя اشک بی‌مایه
    исм
    гиряи бефоида, гиряи беқадру қимат
    ашки гарм اشک گرم
    исм
    гиряи сӯзон, ашки андуҳ ва фироқ
    ашки пиёзӣ اشک پیازی
    исм
    ашки сӯзишнок
    ашки хунин اشک خونین
    исм
    гиряи сӯзон, гиряи ҷонсӯз
    ашки гулгун اشک گلگون
    исм
    нигаред ба ашки хунин 1; гиряи сӯзон, гиряи ҷонсӯз
    ашки лолагун اشک لاله‌گون
    исм
    нигаред ба ашки хунин 1; гиряи сӯзон, гиряи ҷонсӯз
    ашки ол اشک آل
    исм
    нигаред ба ашки хунин 1; гиряи сӯзон, гиряи ҷонсӯз
    ашки сурх اشک سرخ
    исм
    нигаред ба ашки хунин 1; гиряи сӯзон, гиряи ҷонсӯз
    ашки хушнамак اشک خوش‌نمک
    исм
    гиряи ҷонгудоз аз фироқи дӯстон, ашки пурсӯз, ки аз дард ояд
    ашки шаккарин اشک شکرین
    исм
    гиряи шодӣ
    ашки шафақгун اشک شفق‌گون
    исм
    киноя аз ашки хунин
    ашки ғаммоз اشک غماز
    исм
    оби дидаи ошкоркунандаи роз
    ашки ҷигаргун اشک جگرگون
    исм
    гиряи хунолуд; гиряи бисёр ва сахт
    ашк боридан اشک باریدن
    феъл
    гиристан
    ашк рехтан اشک ریختن
    феъл
    гиря кардан
    ашк чидан اشک چیدن
    феъл
    пок кардани ашк
    талх-талх ашк афшондан تلخ تلخ اشک ‌افشاندن
    аз зӯри ғаму андуҳ гиря кардан
    ашки суроҳӣ اشک صراحی
    исм
    киноя аз шароб, май
    ашки ток اشک تاک
    исм
    киноя аз шароб, май
ашк اشک II
исм
  1. чаҳор дандони калони инсон, ки дутоӣ дар болою поин дар байни дандонҳои пеш ва курсӣ воқеъанд, дандони неш, анёб: дандони ашк
  2. ду дандони калон аз боло, ки дар баъзе ҳайвонҳо аз даҳон баромада меистад (мас., дандони фил)

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ашк, маънии вожаи ашк, маънии калимаи ашк, маънии ибораи ашк, маънои ашк, маънои вожаи ашк, маънои калимаи ашк, маънои ибораи ашк, таърифи ашк, таърифи вожаи ашк, таърифи калимаи ашк, таърифи ибораи ашк, значение ашк, значение слова ашк, значение фразы ашк, значение выражения ашк, определение ашк, определение слова ашк, определение фразы ашк, определение выражения ашк