арӯс عروس ъарӯс
арабӣ
исм
  1. зане, ки нав издивоҷ кардааст
    • Сипаҳ дид ороста чун арӯс,

      Ба пилони ҷангию овои кӯс.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Арӯсе, ки ман хуш кардаам, дасти паймони ӯ омодааст.

      Ахлоқи Муҳсинӣ
  2. нигаред ба сунҳор 1; зан нисбат ба хонаводаи шавҳараш, зани писар ё зани бародар
  3. номи яке аз ганҷҳои Кайковус
    • Дигар ганҷ к-аш хондандӣ «Арӯс»,

      Ки оганд Ковус дар шаҳри Тӯс.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. маҷ. ҳар чизи бисёр зебо ва марғуб; ороста
    арӯси Адан عروس عدن ъарӯси Ъадан
    киноя аз моҳ
    арӯси боғ عروس باغ ъарӯси боғ
    киноя аз гул, мева, ниҳолҳои навбаромада ва дарахтҳои мевадор
    арӯсони дарахт عروسان درخت ъарӯсони дарахт
    шохаҳои навруста
    арӯси бода عروس باده ъарӯси бода
    шароб, май
    арӯси даҳр عروس دهر ъарӯси даҳр
    киноя аз фасли баҳор
    арӯси зарнигори субҳ عروس زر‌نگار صبح ъарӯси зарнигори субҳ
    киноя аз офтоб
    арӯси кух عروس کخ ъарӯси кух
    лӯхтак, зоча, арӯсак
    арӯси мавзун عروس موزون ъарӯси мавзун
    киноя аз Лайлӣ, маъшуқаи Маҷнун
    арӯси маҳ عروس مه ъарӯси маҳ
    моҳи чордаҳшаба, моҳи комил
    арӯси рӯз عروس روز ъарӯси рӯз
    киноя аз офтоб
    арӯси сипеҳрӣ عروس سپهری ъарӯси сипеҳрӣ
    нигаред ба арӯси фалакӣ 1; киноя аз офтоб
    арӯси фалакӣ عروس فلکی ъарӯси фалакӣ
    киноя аз офтоб
    арӯси ховар عروس خاور ъарӯси ховар
    киноя аз офтоб
    арӯси Хутан عروس خوتن ъарӯси Хутан
    киноя аз офтоб
    арӯсони хулд عروسان خلد ъарӯсони хулд
    ҳурони биҳишт
    арӯси чаман عروس چمن ъарӯси чаман
    нигаред ба арӯси боғ 1; киноя аз гул, мева, ниҳолҳои навбаромада ва дарахтҳои мевадор
    арӯси чарх عروس چرخ ъарӯси чарх
    нигаред ба арӯси фалакӣ 1; киноя аз офтоб

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии арӯс, маънии вожаи арӯс, маънии калимаи арӯс, маънии ибораи арӯс, маънои арӯс, маънои вожаи арӯс, маънои калимаи арӯс, маънои ибораи арӯс, таърифи арӯс, таърифи вожаи арӯс, таърифи калимаи арӯс, таърифи ибораи арӯс, значение арӯс, значение слова арӯс, значение фразы арӯс, значение выражения арӯс, определение арӯс, определение слова арӯс, определение фразы арӯс, определение выражения арӯс