арз عرض IV ъарз
арабӣ
исм
  1. муқобили тӯл I 1; паҳноӣ, бар
    • Корвонсарое буд, ки девори он даҳ заръ арз дошт.

      Ҷомеъу-т-тамсил
    арзу тӯл عرض و طول ъарзу тӯл
    паҳноӣ ва дарозӣ, бару қад
  2. фосилае, ки аз экватор ба тарафи шимол ва ҷануб дар хатти меридиан ба воситаи дараҷаҳо ифода мегардад
арз ارز I
исм
  1. баҳо, нарх, арзиш
    • Або ӯ як ангуштарӣ буду бас,

      Ки арзи нигинаш надонист кас.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. арзанда, бобаҳо, сазовор, лоиқ, шоиста
    • Суханҳои ман чун шунидӣ, биварз,

      Магар боздонӣ зи ноарз арз.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  3. қадр, мартаба
    • Басанда кунад з-ин ҷаҳон марзи хеш,

      Бидонад магар мояву арзи хеш.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. маҷ. баҳра, фоида, манфаъат
    • На диж монд эдар, на аспу на марз,

      Нишастан надорад бар ин бум арз.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  5. мурод, орзу, мақсад
    • Бикуштанду тороҷ карданд Тарз,

      Чунин буд Моҳӯйро кому арз.

      Абулқосим Фирдавсӣ
арз ارض II
арабӣ
исм
замин, хок
  • Дирам зи дасти ту мар-арзро табақ-табақ аст,

    Гуҳар зи ҷуди ту мар-чархро сипар-сипар аст.

    Котибӣ бештар
  • Мавозее аз арз, ки салоҳияти иморат дорад, ... маскани ҳайвоноти мутанаффиса метавонад буд.

    Абулмуайяди Балхӣ
арз عرض III ъарз
арабӣ
исм
мол, матоъ
арз ارز IV
арабӣ
исм
нигаред ба урз IX 1; биринҷ
арз عرض V ъарз
арабӣ
исм
  1. баён, изҳор
    • Шуд арз зи табъи фикратандеш

      Дар тӯли чаҳор маҳ каму беш.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. нишон додан, ошкор кардан
    • Ба арзи ҷавҳари ташбеҳу маънии танзеҳ,

      Яке муоинабин шуд, яке хаёлпараст.

      Бедил
  3. намоён шудан, зоҳир шудан
    • Ҷамол то нашавад моили назораи хеш,

      Зи оина натавон арзи ноз фаҳмидан.

      Бедил
  4. хоҳиш, талаб
  5. баёни аҳвол, гузориши аҳвол
арз ارز VI
арабӣ
исм
дарахти санавбар

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии арз, маънии вожаи арз, маънии калимаи арз, маънии ибораи арз, маънои арз, маънои вожаи арз, маънои калимаи арз, маънои ибораи арз, таърифи арз, таърифи вожаи арз, таърифи калимаи арз, таърифи ибораи арз, значение арз, значение слова арз, значение фразы арз, значение выражения арз, определение арз, определение слова арз, определение фразы арз, определение выражения арз