алам علم II ъалам
арабӣ
исм
  1. байрақ, роят, ливо, дирафш; парчам
    • Алам сар зи Айюқ бартар кашид,

      Синон чашми сайёраро баркашид.

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Алами илм по ба гил нагзошт,

      Оламеро ба дӯши худ бардошт.

      Бедил
  2. нишон, аломат
  3. маҷ. машҳур, шуҳратёфта
    • Дар адл қадамзанон алам бош,

      Дар ҷурм назаркунон ҳакам бош.

      Файзӣ бештар
    • Ба наққошӣ алам чун килки Монӣ,

      Равон дасташ саҳоби зиндагонӣ.

      Саййидо
  4. маҷ. гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ
    • Муҳаллаб гуфт, ки агар ҳар оина маро бояд рафтан аз ҳар аламе марде бо ман фирист ва аз рафтани ман касеро огоҳ макун.

      Таърихи Наршахӣ
    алам барафрохтан علم برافراختن ъалам барафрохтан
    феъл
    1. 1.
      пайдо шудан, зоҳир гаштан
    2. 2.
      шуҳрат пайдо кардан, машҳур шудан
    алам задан علم زدن ъалам задан
    феъл
    1. 1.
      сар задан, ошкор ва ҳувайдо шудан
    2. 2.
      шуҳрат ёфтан, ном баровардан
    алам бардоштан علم برداشتن ъалам бардоштан
    феъл
    1. 1.
      байрақ бардоштан
    2. 2.
      маҷ. эълон кардан, ошкор намудан
    алам баркашидан علم برکشیدن ъалам баркашидан
    феъл
    1. 1.
      байрақ бардоштан 
    2. 2.
      маҷ. намоён шудан, зоҳир гардидан.
    алам бардоштани шаҳи ховарон علم برداشتن شه خاوران ъалам бардоштани шаҳи ховарон
    зарф
    киноя аз баромадани офтоб
    алам гардидан علم گردیدن ъалам гардидан
    феъл
    1. 1.
      машҳур шудан, шуҳрат ёфтан
    2. 2.
      баланд шудан, боло гирифтан
    алам берун задан علم بیرون زدن ъалам берун задан
    феъл
    пайдо шудан, намоён гардидан
    алам баровардан علم براوردن ъалам баровардан
    феъл
    намоён гардидан
    алам задани хисрави ховар علم زدن خسرو خاور ъалам задани хисрави ховар
    киноя аз баромадани офтоб
    алами кофурӣ علم کافوری ъалами кофурӣ
    киноя аз барфи сафед; ишора ба даврони пирӣ
    алам задани шамъ علم زدن شمع ъалам задани шамъ
    киноя аз фурӯзон шудани шамъ, равшан шудани шамъ
    алам барзадани хисрави субҳ علم برزدن خسرو صبح ъалам барзадани хисрави субҳ
    киноя аз баромадани офтоб, тулӯъи офтоб
    алам задани хуршед علم زدن خورشید ъалам задани хуршед
    киноя аз баромадани офтоб
    алами рӯз علم روز ъалами рӯз
    киноя аз офтоби субҳгоҳӣ
    алам кардан الم کردن I
    феъл
    1. 1.
      машҳур кардан, баландовоза намудан, шуҳрат додан
    2. 2.
      бардоштан, баланд кардан
    3. 3.
      баланд овезон кардан
    алам шудан علم شدن ъалам шудан
    феъл
    шуҳрат пайдо кардан, машҳур шудан
    алами чизе афроштан علم چیزی افراشتن ъалами чизе афроштан
    феъл
    изҳори чизе кардан, намоён гардонидан чизеро
алам الم I
арабӣ
исм
дард, озор, нохушӣ; ранҷ, ғусса
  • Султон фармуд, то ӯро бар фил нишониданд, то аз алами ҷароҳат истироҳат кунад.

    Равзату-с-сафо бештар
  • Аспе, ки саворияш саросар алам аст,

    Бе роҳу тариқ мисли ӯ асп кам аст.

    Мушфиқӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии алам, маънии вожаи алам, маънии калимаи алам, маънии ибораи алам, маънои алам, маънои вожаи алам, маънои калимаи алам, маънои ибораи алам, таърифи алам, таърифи вожаи алам, таърифи калимаи алам, таърифи ибораи алам, значение алам, значение слова алам, значение фразы алам, значение выражения алам, определение алам, определение слова алам, определение фразы алам, определение выражения алам