алам الم I
арабӣ
исм
дард, озор, нохушӣ; ранҷ, ғусса
  • Султон фармуд, то ӯро бар фил нишониданд, то аз алами ҷароҳат истироҳат кунад.

    Равзату-с-сафо бештар
  • Аспе, ки саворияш саросар алам аст,

    Бе роҳу тариқ мисли ӯ асп кам аст.

    Мушфиқӣ
дар алам будан در الم بودن
феъл
ранҷ кашидан, азоб дидан
алам кашидан الم کشیدن
феъл
ранҷ дидан, азоб кашидан
алами бедаво الم بی‌دوا
дарди бедаво, дарди давонопазир, беилоҷ; киноя аз кори чоранопазир
алам кардан الم کردن II
феъл
таъсир кардан; сахт муассир шудан (аз чизе)
алам доштан الم داشتن
феъл
ғамгину аламнок будан, аламзада будан
алам علم II ъалам
арабӣ
исм
  1. байрақ, роят, ливо, дирафш; парчам
    • Алам сар зи Айюқ бартар кашид,

      Синон чашми сайёраро баркашид.

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Алами илм по ба гил нагзошт,

      Оламеро ба дӯши худ бардошт.

      Бедил
  2. нишон, аломат
  3. маҷ. машҳур, шуҳратёфта
    • Дар адл қадамзанон алам бош,

      Дар ҷурм назаркунон ҳакам бош.

      Файзӣ бештар
    • Ба наққошӣ алам чун килки Монӣ,

      Равон дасташ саҳоби зиндагонӣ.

      Саййидо
  4. маҷ. гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ
    • Муҳаллаб гуфт, ки агар ҳар оина маро бояд рафтан аз ҳар аламе марде бо ман фирист ва аз рафтани ман касеро огоҳ макун.

      Таърихи Наршахӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии алам, маънии вожаи алам, маънии калимаи алам, маънии ибораи алам, маънои алам, маънои вожаи алам, маънои калимаи алам, маънои ибораи алам, таърифи алам, таърифи вожаи алам, таърифи калимаи алам, таърифи ибораи алам, значение алам, значение слова алам, значение фразы алам, значение выражения алам, определение алам, определение слова алам, определение фразы алам, определение выражения алам