аждаҳо اژدها
исм
  1. мори солхӯрдаи калони афсонавӣ, ки пар баровардааст ва аз даҳонаш оташ берун меояд
    • Мухолифонро як рӯз рӯзгор мадеҳ,

      Ки аждаҳо шавад, ар рӯзгор ёбад мор.

      Фаррухӣ бештар
    • Аз аждаҳои ҳафтсар матарс, аз мардуми наммом [суханчин] битарс.

      Зарбулмасал
    аждаҳои дамон اژدهای دمان
    сифат
    1. 1.
      аждаҳои қавӣ, даманда, пурхашм
    2. 2.
      киноя аз Рахш, аспи Рустам
  2. киноя аз зӯр, тавоно; диловар, далер, шуҷоъ
    • Ту аждаҳоӣ дар ҷангу ин бидонистӣ,

      Ки аждаҳоро заҳри кушанда нагзояд.

      Саноӣ
  3. киноя аз алам, байрақ, роят; сари байрақ
    • Набинӣ маро ҷуз ба рӯзи набард,

      Дирафше паси пушти ман лоҷвард.

      Ки дидори он аждаҳо марги туст,

      Ниёми синонам сару тарки туст.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    аждаҳои далер اژدهای دلیر
    киноя аз байрақи ҷанг
  4. киноя аз шамшер, теғ
    • Биҷунбид Гуштосп аз пеши саф,

      Наҳанге ба зер, аждаҳое ба каф.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  5. киноя аз занҷире, ки ба пой ва гардани зиндониён мебанданд
    • Аждаҳо хуфта буд бар поям,

      Натавонист он замон бархост.

      Хоқонӣ
    Аждаҳои фалак اژدهای فلک
    исм
    номи галаситораи маъруф, ки ба арабӣ Таннин меноманд

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии аждаҳо, маънии вожаи аждаҳо, маънии калимаи аждаҳо, маънии ибораи аждаҳо, маънои аждаҳо, маънои вожаи аждаҳо, маънои калимаи аждаҳо, маънои ибораи аждаҳо, таърифи аждаҳо, таърифи вожаи аждаҳо, таърифи калимаи аждаҳо, таърифи ибораи аждаҳо, значение аждаҳо, значение слова аждаҳо, значение фразы аждаҳо, значение выражения аждаҳо, определение аждаҳо, определение слова аждаҳо, определение фразы аждаҳо, определение выражения аждаҳо