Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
Чин چین II
исм
  1. кишваре мустақил дар Осиёи Шарқӣ, ки пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон аст; Ҷумҳурии Халқи Чин
    • Ва аҳли Пайканд ҷумла бозургон будаанд ва бозургонии Чин ва дарё кардандӣ ва ба ғоят тавонгар будаанд.

      Таърихи Наршахӣ
    Чину Мочин چین و ماچین
    Хитой ва ғайри Хитой, Хитой ва мамлакатҳои ҳамсояи ӯ, ҳамчун Япония, Бирма ва ғ. 
  2. қисмате аз Осиёи Марказӣ дар ҳудуди байни кӯҳҳои Тиёншон, Олой ва Помир, ки Туркистони Шарқӣ ё Туркистони Чин номида мешуд ва музофоти Кошғар ва Хутанро дар бар мегирифт; вилояти Шинҷони (Синтсзяни) Хитойи имрӯза
    • Чу бодоми туркони Чин ниммаст,

      Ҳаво дар сару ҷоми ширин ба даст. 

      Хоҷу
    хоқони Чин خاقان چین
    исм
    лақаби фармонравоёни Туркистони Шарқӣ
  3. сокини Чин, хитоӣ
    • Зи туркону аз чин ҳазорон ҳазор

      Камарбастагон аз дари корзор. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. сулолае аз подшоҳони Чин, ки солҳои 321-207 то мелод ҳукмфармоӣ кардаанд
чин چین I
исм
  1. печ, гиреҳ, хаму тоб дар мӯй, абрӯ
  2. гиреҳ; оҷинг, ожанг, шикан, баҳамкашидагӣ дар пӯсти рӯй
    • Дар абрӯ чин пайи озори мардум,

      Зи ҳар чин сад гиреҳ дар кори мардум. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  3. маҷ. мавҷ
    • Надорад кас дар ин баҳри куҳан ёд,

      Ки гирад об чин бе ҷунбиши бод. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  4. шикан ва қати либос
чин چین IV
исм
заминшиносӣ инҳино ё хамидагии сохтори сафҳаӣ, монанди чинаҳои санг ё сафҳаҳои лоябандӣ ё баргворагӣ ё рах

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии Чин, маънии вожаи Чин, маънии калимаи Чин, маънии ибораи Чин, маънои Чин, маънои вожаи Чин, маънои калимаи Чин, маънои ибораи Чин, таърифи Чин, таърифи вожаи Чин, таърифи калимаи Чин, таърифи ибораи Чин, значение Чин, значение слова Чин, значение фразы Чин, значение выражения Чин, определение Чин, определение слова Чин, определение фразы Чин, определение выражения Чин