Офтоб آفتاب
исм
  1. ситораи нурдиҳанда, маркази низоми шамсӣ, ки равшаниву ҳарорати замин аз он ҷост; Хуршед, Меҳр, Шамс
    офтоб додан آفتاب دادن
    феъл
    дар офтоб паҳн кардан барои хушконидан, ҳаво хӯронидан ва ғ.
    офтоб афтодан آفتاب افتادن
    феъл
    расидани нури офтоб
    офтоб хӯрдан آفتاب خوردن
    феъл
    аз нури офтоб баҳраманд шудан, дар офтоб истодан
    офтоб задан آفتاب زدن
    феъл
    аз гармои офтоб осеб дидани бадан (мас. сар)
  2. маҷ. маҳбуба, маъшуқа
    • Ишқ мегӯяд, ки сӯз аз дил ҳиҷоби хешро,

      То ба чашми ҷон бубинӣ офтоби хешро.

      Ғиёсӣ бештар
    • Чун коинот ҷумла ба бӯи ту зиндаанд,

      Эй офтоб, соя зи ман бармадор ҳам.

      Ҳофиз
  3. маҷ. шароб, бода
    • Дар ҷашни осмонваши ту рехта ба ноз,

      Соқии моҳрӯи ту дар соғар офтоб.

      Анварӣ бештар
    • Равшандилон надида як ҳаррае тафовут,

      Аз офтоби гардун то офтоби соғар.

      Бадри Чочӣ
    фурӯ рафтани офтоб فرو رفتن آفتاب
    исм
    ғуруби офтоб, ғуруб
    баромадани офтоб برآمدن آفتاب
    исм
    тулӯъ
    пеш аз офтоб پیش از آفتاب
    зарф
    пеш аз тулӯи офтоб, саҳари барвақт
    баланд шудани офтоб بلند شدن آفتاب
    исм
    сар задани офтоб, ба қиём омадани офтоб
    офтоби озодӣ آفتاب آزادی
    исм
    офтоби рӯзҳои зимистонӣ, ки сарди бедавом мешавад
    чун офтоб барафрӯхтан چون آفتاب برافروختن
    киноя аз ба ҳаяҷон омадан
    қиёми офтоб قیام آفتاب
    ба самтурраъс омадани офтоб
    ба девор омадани офтоб به دیوار آمدن آفتاب
    ба поён расидани умри касе, ба охир расидани зиндагонии касе, вафот ёфтан
    бар сари бом омадани офтоб بر سر بام آمدن آفتاب
    исм
    рост шудани офтоб, самтурраъс
    ба кӯҳ рафтани офтоб به کوه رفتن آفتاب
    нигаред ба ба девор омадани офтоб 1; ба поён расидани умри касе, ба охир расидани зиндагонии касе, вафот ёфтан
    гил бар офтоб андудан گل بر آفتاب اندودن
    феъл
    нигаред ба офтоб ба гил дарандӯдан 1; киноя аз кӯшиши беҳуда кардан барои пинҳон доштани ҳақиқати ошкор

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии Офтоб, маънии вожаи Офтоб, маънии калимаи Офтоб, маънии ибораи Офтоб, маънои Офтоб, маънои вожаи Офтоб, маънои калимаи Офтоб, маънои ибораи Офтоб, таърифи Офтоб, таърифи вожаи Офтоб, таърифи калимаи Офтоб, таърифи ибораи Офтоб, значение Офтоб, значение слова Офтоб, значение фразы Офтоб, значение выражения Офтоб, определение Офтоб, определение слова Офтоб, определение фразы Офтоб, определение выражения Офтоб