Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
такя تکیه I
арабӣ
исм
  1. чизе, ки бар он пушт гузоранд
    • Худовандо, дилам даркор, дил деҳ,

      Чу доғам такя бар девори дил неҳ.

      Низомӣ
  2. маҷ. истинод, пушту паноҳ; эътимод, бовар
    • Ба киштии умр такя кам кун,

      К-он Нил нишемани наҳанг аст.

      Анварӣ бештар
    • Рӯзе баҳор аст, хез, то ба тамошо равем,

      Такя бар айём нест, то дигар ояд баҳор.

      Саъдӣ
  3. хонақоҳ, макони дарвешон; ҷое, ки ба дарвешон таъом медиҳанд
    • Як шаб дар такя мондам, он ҷо маҷмае аз муаззинон буд.

      Хизонаи омира
  4. маҷ. маскан, бошишгоҳ
    • Роҳатталабӣ даври қаландарсифатон нест,

      Дар такяи дил доғи ҷафои ту муқим аст.

      Зуҳурӣ
такя تکیه II
исм
забоншиносӣ барҷастагии як ҳиҷо ё вожа дар занҷираи гуфтор; такяи вожа
такякалом تکیه‌کلام
исм
калима ё иборае, ки дар гуфтор бе назардошти маънӣ такроран истифода кунанд; калимае, ки дар гуфтори шахсе бисёр во мехӯрад
такянишин تکیه‌نشین
исм
он ки дар хонаҳо ва маконҳои муқаддас хилватнишинӣ кунад, хилватнишинии зоҳидону дарвешон ва мазҳабиён
такяҷой تکیه‌جای
исм
ҷои осоишу роҳат, паноҳгоҳ, такягоҳ
такясоз تکیه‌ساز
сифат
он ки такя мекунад, такякунанда
  • Сад баҳор омад ба имдоди ману чун барги гул,

    Аз заъифӣ такясози бистарам аммо ҳанӯз.

    Шоҳин
такя задан تکیه زدن
феъл
  1. пуштро ба ҷое, чизе гузоштан
    • Такя бар девор зад, хобаш бибурд,

      Сӯи соя ҳар касе раҳ месупурд.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бештар
    • Такя бар ҷои бузургон натавон зад ба гизоф,

      Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ.

      Ҳофиз
  2. маҷ. эътимод доштан, бовар кардан
    • Мазан такя бар маснаду тахти хеш,

      Ки ҳар тахтро тахтае ҳаст пеш.

      Низомӣ
такя ба бистари адам кардан تکیه به بستر عدم کردن
киноя аз омодаи марг шудан
  • Он нола ҳавола бар санам кард,

    Худ такя ба бистари адам кард.

    Шоҳин
такя бар об кардан تکیه بر آب کردن
киноя аз ба чизи ноустуворе умед бастан
  • Эй ки бар чарх эминӣ зинҳор,

    Такя бар об кардаӣ, ҳуш дор!

    *
такягаҳ تکیه‌گه
исм
нигаред ба такягоҳ I 1; ҷое, ки бар он такя мекунанд
  • Сазои такягаҳат манзаре намебинам,

    Манам зи оламу ин гӯшаи муайяни чашм.

    Ҳофиз

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии такя, маънии вожаи такя, маънии калимаи такя, маънии ибораи такя, маънои такя, маънои вожаи такя, маънои калимаи такя, маънои ибораи такя, таърифи такя, таърифи вожаи такя, таърифи калимаи такя, таърифи ибораи такя, значение такя, значение слова такя, значение фразы такя, значение выражения такя, определение такя, определение слова такя, определение фразы такя, определение выражения такя