Эй писари Ақил, ҳеч кас монеъ нахоҳад омад, ки аз моли ту дайни адо кунанд.
Эй писар, мазҳаби қаландар гир,
Ки дар ӯ дину куфр яксон аст.
бештарЭй он ки дини ту бихаридам ба ҷони хеш,
Аз ҷаври ин гурӯҳи харон бозхар маро.
Эшон ба фусунварӣ фасеҳанд,
Дар дини суханварӣ Масеҳанд.
бештарГуфтаӣ: Дар дини мо расми фаромӯшӣ хатост,
Чун кунӣ аз мо фаромӯш, ин суханро ёд кун!
Рӯй ба Самарқанд ниҳод, то аз уҳдаи аҳде, ки аз тори анкабут лайинтар буд, берун ояд.
Чу бинӣ, ки ҷоҳид ба кин-андар аст,
Саломат ба таслиму лин-андар аст.
бештарМан накардам бо вай илло лутфу лин,
Ӯ чаро бо ман кунад баръакс кин?
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Афсӯс надонам, ки кай омад, кай шуд?!
бештарПо кай ниҳодаам ба сари кӯчаи талаб,
Аз муҳтасиб итоб зи рафтор мекашам.
Чун бувад ишқи ошиқон дарсам,
Кай зи кайди мунофиқон тарсам?
Нахустин кайи номдор Ардашер,
Писар шаҳриёр он набарда далер.
бештарКайи номвар сар сӯи осмон
Бароварду бад хост бар бадгумон.
Чу Рустам, ки ҳаст ӯ ҷаҳонпаҳлавон,
Бибахшид Ковуси Кайро равон.