Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
Ин даста, ки бар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
бештарНест авҷи эътибори пучмағзонро сабот,
Кӯзаи холӣ фитад зуд аз канори бомҳо.
Ин кӯзагарон, ки даст дар гил доранд,
Ақлу хираду ҳуш бар он бигморанд.
Мушту лагаду тапонча то чанд зананд,
Хоки падарон аст, чи мепиндоранд?!
Гар бубинам чеҳраи қозикалон,
Кӯзаи очор ояд дар назар.
Косаву кӯзаи афлок шикастан дорад,
Чанд беҳуда дили аҳли ҳунарро шиканад?