пероҳан پیراهن пироҳан
исм
курта, либоси таҳи якқабата
  • Агар бошгуна бувад пераҳан,

    Бувад ҳоҷати баркашидан зи тан.

    Рӯдакӣ
дар пероҳан нагунҷидан در پیراهن نگنجیدن
феъл
киноя аз изҳори шодии бисёр кардан
дар пероҳан нағунҷидан در پیراهن نغنجیدن
феъл
нигаред ба дар пероҳан нагунҷидан 1; киноя аз изҳори шодии бисёр кардан
пероҳан даридан پیراهن دریدن
феъл
нигаред ба пероҳан қабо кардан 1; киноя аз куртаро пора кардан, куртаро чок кардан
пироҳон پیراهن
исм
нигаред ба пероҳан 1; курта, либоси таҳи якқабата
  • Ин нафас ҷон доманам бартофтаст,

    Бӯи пироҳони Юсуф ёфтаст.

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
пироҳангулгун پیراهن‌گلگون
сифат
  1. он ки куртаи гулдор мепӯшад; маҷ. маҳбубаи куртасурх, зеболибос
  2. маҷ. хунолуд, шаҳидгашта
пироҳандӯз پیراهن‌دوز
исм
куртадӯз, он ки куртаворӣ медӯзад, дӯзандаи курта
пироҳандӯзӣ پیراهن‌دوزی
исм
  1. амал ва шуғли куртадӯз, пироҳан дӯхтан, куртадӯзӣ
  2. коргоҳ ё дӯкони пироҳандӯзӣ
пироҳанӣ پیراهنی
сифат
  1. мансуб ба пероҳан 1
  2. муносиб барои дӯхтани пироҳан; махсуси пироҳан
пироҳанчок پیراهن‌چاک
сифат
нигаред ба пераҳанчок 1; он ки пераҳанаш дарида аст, пераҳандарида, куртадарида, либосдарида
пероҳани гул پیراهن گل
киноя аз барги гул
  • Буд садпора чу пероҳани гул пардаи дил,

    Ки ба хори суманаш боз ба ҳам дӯхта шуд.

    Исмат
пероҳани Юсуф پیراهن یوسف
исм
ишора ба яке аз воқеъаҳои афсонаи Юсуфи Канъонӣ, ки бародаронаш аз ҳасад ӯро ба чоҳ андохта, бо баҳонаи он, ки гӯё ӯро гург хӯрдааст, куртаи порашудаашро ба хун олуда ба падараш Яъқуб расониданд
  • Гар ба хокам гузарад Юсуфи гулпираҳанам,

    Бӯи пероҳани Юсуф шунаванд аз кафанам.

    Ҳилолӣ
пероҳани коғазин پیراهن کاغذین
  1. киноя аз рӯшноии субҳ ва шуои офтоб
  2. киноя аз додхоҳӣ, ки дар замони қадим шахси зулмдида барои маълум намудани мазлумии худ либоси коғазӣ пӯшида, ба додхоҳӣ назди додрас мерафтааст
    • То ки дасти қадар аз дасти ту бирбуд қалам,

      Коғазин пераҳан аз дасти қадар бод бадар.

      Хоқонӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, فرهنگ فارسی تاجیکی واژه‌جو. تعریف‌ها از «فرهنگ زبان تاجیکی»، «واژه‌های مصوّب فرهنگستان زبان و ادب فارسی» و دیگر فرهنگ و واژه‌نامه‌های تاجیکی و فارسی را در بر دارد. هر واژه‌ای‌ به دو خط - تاجیکی و فارسی نوشته شده‌است. معنی پیراهن، معنی واژه‌ پیراهن، معنی کلمه‌ پیراهن، معنی عباره‌ پیراهن، معنای پیراهن، معنای واژه‌ پیراهن، معنای کلمه‌ پیراهن، معنای عباره‌ پیراهن، تعریف پیراهن، تعریف واژه‌ پیراهن، تعریف کلمه‌ پیراهن، تعریف عباره‌ پیراهن