Дар корҳо, буто, ситеҳидан гирифтаӣ,
Гаштам сутӯҳ аз ту ман, азбаски бистӯҳӣ.
бештарПои мискин пиёда чанд равад,
К-аз таҳаммул сутӯҳ шуд бухтӣ.
Чу рӯз аз шаб омад ба кӯшиш аз сутӯҳ,
Сутӯҳӣ гирифта фурӯ шуд ба кӯҳ.
Сипеҳр гаштат доя, гурез аз ин доя,
Замона будаст модар, сутӯҳ аз ин модар.
Ҳаюнони зарринҷалоҷил чу кӯҳ
Ба пай карда кӯҳу биёбон сутӯҳ.
Замин аз бори лашкар буд бистӯҳ,
Ки мерафтанд ҳамчун оҳанин кӯҳ.
Або хуршеди солорони гетӣ,
Савори размсозу гурди настӯҳ.
Биёзид Ҳушанг чун шер чанг,
Ҷаҳон кард бар деви настӯҳ танг.
Дилам буд дар сабр, лекин чу кӯҳ,
Наҷунбид аз ин мотами пурсутӯҳ.