ғун غن
сифат
ҷамъшуда, гирдомада
ғун кардан غن کردن
феъл
  1. 1.
    ҷамъ кардан, дар як ҷо тӯб кардан
  2. 2.
    ҷамъ овардан, дар як ҷо гирд кардан(-и одамон…)
  3. 3.
    ғундоштан, ғунучин кардан, ҷамъоварӣ кардан(-и ҳосили чизе)
гирду ғун кардан گردو غن کردن
феъл
чизҳои парокандаро ҷамъ карда, ҷоеро ба тартиб овардан (мас., хонаро); умуман ба тартиб даровардан
таҷриба ғун кардан تجربه غن کردن
феъл
таҷрибаи зиёд ба даст овардан, таҷриба андӯхтан дар коре
ғунан غنن
исм
той, тойча (аспи ҷавони то ду-сесола)
ғунгас غنگس ғунгос غنگاس
исм
нигаред ба ғунг-ғунг 1; калимаи тақлиди овоз, ки садои пасту якхелаи чизе ё худ ба худ бо овози паст гап задани касеро ифода мекунад
ғунгас задан غنگس زدن
феъл
садои ғунг-ғунг баровардани магас, занбӯр ва ғ.
ғунг-ғунг غنگ‌غنگ
нидо
калимаи тақлиди овоз, ки садои пасту якхелаи чизе ё худ ба худ бо овози паст гап задани касеро ифода мекунад
ғунд غند
исм
  1. нигаред ба ғун 1; ҳар чизи гирд ва тӯбмонанд
  2. ҷамъшуда, фароҳамомада
ғунда غنده
исм
як навъ тортанаки бузурги газанда
  • Метанад гирди сарою дари ту ғунда кунун,

    Боз фардош бубин бар тани ту тортаноню. 

    Кисоӣ
ғундор غندار
феъл
асоси замони ҳозираи ғундоштан 1; ҷамъ кардан
ғундор-ғундор غندار غندار
феъл
тез ғундоштан, ҷамъоварии босуръат
ғундоранда غندارنده
сифат
  1. сифати феълии замони ҳозираи ғундоштан 1
  2. ҷамъкунанда, гирдоваранда
ғундошта غنداشته
сифат
асоси замони гузаштаи ғундоштан 1; ҷамъкарда, андӯхта
ғундошта гирифтан غنداشته گرفتن
феъл
ҷамъ овардан, чида гирифтан;
ғундошта мондан غنداشته ماندن
феъл
ба як сӯ гузоштан (чизеро); қатъ кардан, бас кардан (кореро), хотима додан ба коре; 
лабро ғундошта натавонистан لب را غنداشته نتوانستن
феъл
аз табассум бозистода натавонистан, аз ханда худдорӣ карда натавонистан; 
ғундоштан غنداشتن
феъл
  1. ҷамъ кардан, гирд овардан
    бору бунаро ғундоштан بارو بنه را غنداشتن
    феъл
    чизу чораро тӯб карда баста мондан (бо мақсади тайёрӣ ба кӯчидан)
    маълумот ғундоштан معلومات غنداشتن
    феъл
    сарчашмаҳоро ҷустуҷӯ карда маълумот гирд овардан
    ҷогаҳро ғундоштан جاگه را غنداشتن
    феъл
    ҷамъ кардани бистару болин ва рахти хоб; мураттаб кардани рахти хоб
  2. (даравида, канда ё чида) ҷамъоварӣ кардан, ғунучин кардан
  3. гирифта ё қабул карда дар як ҷо ҷамъ кардан, ғун кардан, тӯб кардан (-и чизе); андӯхтан
  4. маҷ. тамом кардан, қатъ кардан кореро; ба як сӯ гузоштан
    дӯконро ғундоштан دکان را غنداشتن
    феъл
    хотима додан ба кор дар дӯкон; дӯкондориро бас кардан
    ҳавоси худро ғундоштан حواس خود را غنداشتن
    феъл
    ҳушу хаёли худро ба ҷояш мондан, худро ба даст гирифтан, ҳавоси худро ҷамъ кардан
    даҳонро ғундоштан دهان را غنداشتن
    феъл
    гапро бас кардан, налақидан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ғун, маънии вожаи ғун, маънии калимаи ғун, маънии ибораи ғун, маънои ғун, маънои вожаи ғун, маънои калимаи ғун, маънои ибораи ғун, таърифи ғун, таърифи вожаи ғун, таърифи калимаи ғун, таърифи ибораи ғун, значение ғун, значение слова ғун, значение фразы ғун, значение выражения ғун, определение ғун, определение слова ғун, определение фразы ғун, определение выражения ғун