ғам غم
арабӣ
исм
  1. дилгирифтагии сахт, ки аз алами дарунӣ пайдо мешавад, ғусса, андӯҳ, хафагӣ, ҳузн
    • Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,

      Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона. 

      Шаҳиди Балхӣ бештар
    • Ман аз хубон басе ғамҳои мушкил дидаам, лекин

      Ғами ҳиҷрон бувад мушкилтарини ҷумла мушкилҳо. 

      Ҳилолӣ
    бори ғам بار غم
    исм
    вазнинии андӯҳ
    ғам гирифтан аз касе غم گرفتن از کسی
    киноя аз қасос ва ниқор гирифтан аз касе
    аз ғам осуда будан از غم آسوده بودن
    феъл
    киноя аз беғам будан, дур аз ғам будан
  2. ташвиш
  3. маҷ. фикр, хаёл
    ғам додан غم دادن
    феъл
    1. 1.
      андӯҳгин кардан
    2. 2.
      ба ташвиш монондан, ташвиш додан
    ғам доштан غم داشتن
    феъл
    1. 1.
      андӯҳгин будан
    2. 2.
      парво доштан, ташвиш доштан
    ғами касеро доштан غم کسیرا داشتن
    феъл
    дар фикри касе будан, ғами каси дигарро хӯрдан
    дар ғами касе будан در غم کسی بودن
    феъл
    1. 1.
      дар бораи беҳбудии касе дилсӯзона фикр кардан
    2. 2.
      дар ташвиши чизе будан, дар пайи (пайдо кардани) чизе будан
    ғам хӯрдан غم خوردن
    феъл
    андӯҳгин шудан, ғамгин гаштан; оқибати чизеро фикр карда хафа (зиқ) шудан
    ғами касеро хӯрдан غم کسیرا خوردن
    феъл
    дар бораи некӯаҳволии касе фикр кардан, ғамхорӣ кардан дар ҳаққи касе
    ғами чизеро хӯрдан غم چیز‌ی را خوردن
    феъл
    1. 1.
       дар бораи чизе пешакӣ фикр кардан
    2. 2.
      барои чизе чорабинӣ кардан, чораи чизеро дидан
    дар ғам афтодан در غم افتادن
    феъл
    андӯҳгин шудан, ғуссадор шудан
    дар ғами касе афтодан در غم کسی افتادن
    феъл
    дар фикри касе шудан; ба ғамхории касе банд шудан
    кам не, ғам не کم نی، غم نی
    зарф
    андак-мундак не, начандон кам; хеле зиёд
    чи ғам дорам چه غم دارم
    ташвише надорам, ҳеч парвое надорам; шодам
    ҷон хонаи мардум, на ғами обу на ғами ҳезум جان خانه مردم، نه غم آب و نه غم هیزم
    (мақ.) дар бораи касе гуфта мешавад, ки зиёд ба меҳмонӣ меравад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ғам, маънии вожаи ғам, маънии калимаи ғам, маънии ибораи ғам, маънои ғам, маънои вожаи ғам, маънои калимаи ғам, маънои ибораи ғам, таърифи ғам, таърифи вожаи ғам, таърифи калимаи ғам, таърифи ибораи ғам, значение ғам, значение слова ғам, значение фразы ғам, значение выражения ғам, определение ғам, определение слова ғам, определение фразы ғам, определение выражения ғам