Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.
В-ар касе хоҳад, ки ғавғое кунад дар мулки ту,
Аз сипоҳи аҳраман бар ҷони ӯ ғавғо бувад.
Зи чашму зулфи ӯ ошиқ куҷо ёбад ҳузури дил,
Ки дар ҳар гӯшае фитнасту дар ҳар ҳалқае ғавғо.