феъл
  1. асоси замони ҳозираи ёрастан 1
  2. ҷузъи пасини баъзе аз калимаҳои мураккаб ба маъноҳои «доранда»: давлатёр, ҳушёр; анҷомдиҳанда, ёрирасон, ёридиҳанда: (дастёр, обёр, додёр)
исм
  1. дӯст, рафиқ, ҷӯра
    • Даст дар сӯрохҳо дорӣ, зи мор андеша кун,

      Ёрро ҳам ёр ҳаст, аз ёри ёр андеша кун.

      * бештар
    • Ёрон чу ҷавоб гӯш карданд,

      Аз гуфтаи худ хамӯш карданд.

      Ҳилолӣ
    ёри куҳан یار کهن
    сифат
    ёри дерина, дӯсти қадим
    ёр шудани толеъ یار شدن طالع
    феъл
    нигаред ба ёр шудани бахт 1; мувофиқ ва мусоид шудани бахту толеъ
  2. ҳамкор, шарик; мувофиқ
    • Маъшуқа ба ранги рӯзгор аст,

      Бо гардиши рӯзгор ёр аст.

      Анварӣ бештар
    • Ёре дар паҳлӯи ӯ истода буд, ки номи ӯ Холид ибни Асад буд.

      Таърихи Табарӣ
    ёр гаштан یار گشتن
    феъл
    мувофиқ будан, ҳамроҳ будан, якҷоя шудан
    ёр кардан یار کردن
    феъл
    ҳамроҳ кардан
    ёр шудан یار شدن
    феъл
    1. 1.
      ҳамроҳ шудан
    2. 2.
      ҳамроҳ ва мувофиқ шудан, соз шудан, ҷӯр шудан
  3. маҳбуб, маъшуқ; маҳбуба, маъшуқа
    • Аз ёр шиква кардаму дорам зи инфиол,

      Хат бар замин зи шухии гуфтор мекашад.

      Саййидо
  4. ҷуфт; зан
    • Гар ту пирӣ, ёри дигар боядаш,

      Ҳамдаме аз ту қавитар боядаш.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    ёри мусоид یار مساعد
    сифат
    рафиқи мувофиқ; маҳбуби мувофиқ; ҷуфти (зани) мувофиқ
    ёри ноҳампой یار ناهمپای
    сифат
    дӯсти бевафо, зан ва ё рафиқи номувофиқ ва носозгор
  5.  дағеҷ, авсун, занҳои ду бародар нисбат ба якдигар
    • Чи некӯ сухан гуфт ёре ба ёре,

      Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ?

      Луғати фурс
  6. монанд, ҳамто, назир
    • Набуд чун ту малик дар ҷаҳон ҷаҳондоре,

      Наёфарид худои ҷаҳон туро ёре.

      Муъиззӣ
    ёр шудани бахт یار شدن بخت
    феъл
    мувофиқ ва мусоид шудани бахту толеъ
    ёри ғор یار غار
    1. 1.
      лақаби халифаи якум Абӯбакри Сиддиқ, ки дар вақти ҳиҷрати Муҳаммад (с) аз Макка ба Мадина шарики азобу машаққати роҳ буда, аз ҷумла дар ғоре ҳамроҳи Муҳаммад (с) пинҳон шудааст
    2. 2.
      ҳар як рафиқи шафиқ ва содиқ
  7. варзиш ҳар як аз бозингарони як даста ё гурӯҳе дар бозии гурӯҳӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ёр, маънии вожаи ёр, маънии калимаи ёр, маънии ибораи ёр, маънои ёр, маънои вожаи ёр, маънои калимаи ёр, маънои ибораи ёр, таърифи ёр, таърифи вожаи ёр, таърифи калимаи ёр, таърифи ибораи ёр, значение ёр, значение слова ёр, значение фразы ёр, значение выражения ёр, определение ёр, определение слова ёр, определение фразы ёр, определение выражения ёр