Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
шом شام I
исм
  1. вақти ғурӯб, ҳангоми фурӯ рафтани офтоб, оғози торикии шаб
    • Шом мешуд, сояи болам ба ҳар ҷо мерасид,

      Субҳ мегардид, чун мерафтам аз ҷое ба ҷо.

      Шавкат бештар
    • Шом он таоми музаъфар ва муаттаро ҳозир карданд.

      Аҳмади Дониш
    шоми ҳаҷр شام حجر
    исм
     шаби фироқ, шаби ҷудоӣ
    шому саҳар شام و سحر
    зарф
    1. 1.
      бегоҳиву пагоҳӣ
    2. 2.
      маҷ. ҳамеша, доим
  2. хӯроки бегоҳӣ, таъоми аввали шаб
    • Яке муштзан бахти рӯзӣ надошт,

      На асбоби шомаш муҳайё, на чошт.

      Саъдӣ бештар
    • Зикри фалак ба хайр, ки аз хони ӯ маро,

      Шамсии меҳр чошт бувад, қурси моҳ шом.

      Восифӣ
  3. номи мамлакати Сурия ва пойтахти он Димашқ
    • Агар азми размаш кунад шоҳи Шом,

      Ба Қипчоқ дар банд монад мудом.

      Хоҷу бештар
    • Чун ба Шом наздик расид, ба дари савмиаи роҳибе фуруд омад.

      Таърихи Табарӣ
    шоми зангии гирён شام زنگی گریان
     киноя аз торики шаб ва ситораҳое, ки ба қатраҳои оби дида монанд ҳастанд
    шоми сӯгворон شام سوگواران
    нигаред ба шоми ғарибон 1; киноя аз аввалин шаби мотам баъди дафн
    шоми шабгун شام شبگون
    киноя аз зулф
    шоми ғарибон
    киноя аз аввалин шаби мотам дар мурдахона баъд аз дафн
шом شام II
исм
муҳандисии баспор нигаред ба шохиси музоб 1; миқдори баспоре, ки дар дамои мушаххас ва бо пистуни таҳти неруи муайян аз миёнии як доӣ (die) устувонаи меъёр дар муддатзамони маълум ба берун ронда мешавад
шомгоҳ شامگاه
зарф
вақти шом, аввали торикии шаб
  • Сӯфии мо, ки зи вирди саҳарӣ маст шудӣ,

    Шомгоҳаш нигарон бош, ки сархуш бошад.

    Ҳофиз
шомгоҳон شامگاهان
зарф
дар вақти шом, вақте ки шом шавад, говгум
шомиёна شامیانه
исм
хайма, саропарда
  • Хоҷа Яҳёро шомиёнае зада буданд.

    Тазкираи Давлатшоҳ бештар
  • Амир дар сояи шомиёна ба лаъби шатранҷ машғул буд.

    Аҳмади Дониш
шомил شامل
арабӣ
сифат
  1. фарогиранда, дарбаргиранда; баҳамарасанда
    • Ҳар ки ... ҳусни аҳд ба ҷой орад, юмну юср шомили аҳволи ӯ бувад.

      Авфӣ бештар
    • Бувад чун партави хуршед шомил,

      Зи гул то хору хас в-аз об то гил.

      Ҳозиқ
    • Он ҷо, ки қазо раҳзани ҳоли ту шавад,

      Гар хона ҳисор аст, вуболи ту шавад.

      Чун раҳмати Ҳақ шомили ҳоли ту шавад,

      Саҳрои кушода ҳисни моли ту шавад.

      Хоқонӣ
  2. кофӣ; комил
    • Динат аз парҳез комил мешавад,

      Неъматат аз шукр шомил мешавад.

      Аттор
  3. ҳовӣ, дарбардоранда
шомих شامخ
арабӣ
сифат
  1. баланд
    • Норасида бонги кӯси ӯ бад-он шомих ҳисор,

      Нофитода акси теғи ӯ бад-он росих макон.

      Оташкада
  2. димоғбаланд, ҳавобаланд, мутакаббир
шомӣ شامی
сифат
мансуб ба шом I 3
  • Чу чашмаш бар он шоҳи шомӣ фитод,

    Даромад ба сӯи шаҳаншаҳ чу бод.

    Хоҷу
шомила شامله
сифат
муаннаси шомил 1
ҳикмати шомила حکمت شامله
сифат
ҳикмати ҳамаро фарогиранда
шомиха شامخه
арабӣ
сифат
муаннаси шомих 1
  • Эшон аз ӯояти аҷз ва изтирор ба биёбонҳои дурдаст раванд, то ба қулали ҷиболи шомиха таҳассун намоянд. 

    Равзату-с-сафо

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии шом, маънии вожаи шом, маънии калимаи шом, маънии ибораи шом, маънои шом, маънои вожаи шом, маънои калимаи шом, маънои ибораи шом, таърифи шом, таърифи вожаи шом, таърифи калимаи шом, таърифи ибораи шом, значение шом, значение слова шом, значение фразы шом, значение выражения шом, определение шом, определение слова шом, определение фразы шом, определение выражения шом