шир شیر
исм
моеъи ғизоии сафедранг, ки баъд аз зоидан аз пистони зан ва ҳайвони модда метаровад
шири хушгуворон شیر خشگواران
сифат
шири гуворо, форам ва фоидабахш
ба шир нишондан به شیر نشاندن
феъл
барои дафъи зарари заҳр моргазида ва заҳрхӯрдаро дар шир хобонидан
шири мурғ شیر مرغ
киноя аз чизи ноёб
шири мурғ ҷустан شیر مرغ جستن
киноя аз ба кори номумкин ва бенатиҷа машғул будан, ба маҷсади маҳол кӯшиш кардан
шири хашхош شیر خشخاش
киноя аз афюн, тарёқ
чу(н) ширу шакар будан چو(ن) شیر وشکر بودن
киноя аз камоли меҳрубонӣ, ба ҳам наздик шудан ва омехтан
корпоратсия
лотинӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба ширкат II 1; шахси ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқу тааҳҳудоти он мустақил аз ҳуқуқу тааҳҳудоти саҳомдорон бошад ва фаъолияти он бар асоси муҷаввизи давлат машрӯъият ёбад; ширкати саҳомӣ
шараён شریان ширён
арабӣ
исм
раги хунгард, раге, ки дар он хун мегардад; артерия
  • Зеро ки виоят чу тане ҳасту дар он тан,

    В-ин ҳошияи шоҳраг асту шараён аст.

    Манучеҳрӣ бештар
  • Ҷигару дил аз меъдаву шараён,

    Суви тан обу бод карда равон.

    Саноӣ
  • Гул шуд зи ҳарири умр урён,

    Бар миннати дил фушурда ширён.

    Файзӣ
ширавор شیره‌وار
исм
хӯрданиҳои ширин (муррабо, ҳар гуна нуқл, набот ва ҳалво), ширинӣ
ширавордон شیره‌واردان
исм
ҷои нигоҳдории ширавор ва шириниҳо
шираворпаз شیره‌وار‌پز
исм
ширинипаз, ҳалвопаз, қаннод
шираворпазӣ شیره‌وار‌پزی
исм
  1. амали шираворпаз
  2. корхонае, ки дар он ҷо ширавор тайёр мекунанд
шираворфурӯш شیره‌وار‌فروش
исм
касе, ки ширавор мефурӯшад
шираворфурӯшӣ شیره‌وار‌فروشی
исм
бозоре, дӯконе, ки дар он ширавор мефурӯшанд
шираворхона شیره‌وارخانه
исм
хоначаи махсус барои нигоҳдории шириниёт дар тӯю маъракаҳо

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии шир, маънии вожаи шир, маънии калимаи шир, маънии ибораи шир, маънои шир, маънои вожаи шир, маънои калимаи шир, маънои ибораи шир, таърифи шир, таърифи вожаи шир, таърифи калимаи шир, таърифи ибораи шир, значение шир, значение слова шир, значение фразы шир, значение выражения шир, определение шир, определение слова шир, определение фразы шир, определение выражения шир