Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
чеҳра چهره
исм
  1. рӯй, талъат; симо, сурат
    • Моҳ чун чеҳраи зебои ту нест,

      Мушк чун зулфи дилорои ту нест. 

      Анварӣ
    чеҳраи афрӯхта چهره افروخته
    рӯи сурх, рухсораи гулгун
    чеҳраи каҳрабо چهره کهربا чеҳраи каҳрубо
    рӯи зард, рӯи дардмандона
    чеҳраи сероб چهره سیرآب
    рӯи тару тоза
    чеҳраи коҳӣ چهره کاهی
    рӯи зард, рӯи дардмандона
    чеҳра афрӯхтан چهره افروختن
    феъл
    рӯй намудан; рӯй гулгун кардан, рӯй сурх кардан
    чеҳра харошидан چهره خراشیدن
    феъл
    рӯй кандан, аз таъсири алами бисёр бо нохунҳо рӯйро ханҷол кардан
    аз чеҳра ниқоб фикандан از چهره نقاب فکندن
    рӯй намудан, рӯй кушодан
  2. симо, сурат, шалу шамоил; манзара, намуд
    • Чеҳраи боғ зи наққоши баҳор

      Ба накӯӣ чу нигористон аст. 

      Анварӣ
  3. маҷ. дидор, мулоқот
    • Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-эй некхӯй,

      Маро чеҳри Сом омадаст орзӯй. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Дилу ҷону ҳушам пур аз меҳри ӯст,

      Шабу рӯзам андешаи чеҳри ӯст. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
чеҳраафрӯзӣ چهره‌افروزی
исм
нурпошӣ, нурафрӯзӣ; равшан кардан
  • Макун бетоқатӣ, чанде таҳаммул кун ту, парвона,

    Ки шамъ аз чеҳраафрӯзӣ бисоти анҷуман гирад. 

    Махфӣ
чеҳрагарм چهره‌گرم
сифат
рӯйгарм, гармрӯй, писандидарӯй, ситорагарм, зебо: одами чеҳрагарм
чеҳрагулгун چهره‌گلگون
сифат
рӯсурх, зеборӯй, соҳибҷамол, сурхинарӯй
  • Ба ранги дилбарони чеҳрагулгун

    Бадахшони дил аз вай ғарқаи хун. 

    Мулҳам
чеҳрагулнор چهره‌گلنار
сифат
сурхрӯй, шукуфтарӯй, дорои чеҳраи, дорои чеҳраи ба сони гули анор
чеҳракушода چهره‌کشاده
сифат
хандонрӯй, кушодарӯй, хушмуомила
чеҳраоро چهره‌آرا
сифат
зинатдиҳанда, ороишгар
  • Бар рух аз ашки надомат хтту холе мениҳам,

    Чеҳраорои руху бахти парешонам чу зулф. 

    Махфӣ
чеҳрапардоз چهره‌پرداز
сифат
  1. наққош, суратгар
  2. синамо ва телевизиюн ҳунарманде, ки кори чеҳрапардозӣ анҷом диҳад
  3. нависандае, ки чеҳраҳоро хеле хуб тавсиф мекунад, офарандаи чеҳраҳои хуб
чеҳрапардозӣ چهره‌پردازی
исм
  1. суратгарӣ, наққошӣ, рассомӣ
  2. ҳар тағйире, ки бо истифода аз маводди ороишӣ дар чеҳра ё пайкари бозигари намоиш ё филм эҷод шавад
  3. тавсиф, тавсифи чеҳраи қаҳрамонон аз тарафи нависанда
чеҳрахандон چهره‌خندان
сифат
хандонрӯй, чеҳракушод, хушҳол

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии чеҳра, маънии вожаи чеҳра, маънии калимаи чеҳра, маънии ибораи чеҳра, маънои чеҳра, маънои вожаи чеҳра, маънои калимаи чеҳра, маънои ибораи чеҳра, таърифи чеҳра, таърифи вожаи чеҳра, таърифи калимаи чеҳра, таърифи ибораи чеҳра, значение чеҳра, значение слова чеҳра, значение фразы чеҳра, значение выражения чеҳра, определение чеҳра, определение слова чеҳра, определение фразы чеҳра, определение выражения чеҳра