Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
хоб خواب
феъл
асоси замони ҳозираи хобидан 1
хоб خواب I
исм
  1. муқобили бедорӣ 1; ҳолати осоиш, ки ҳангоми он ҳисҳои зоҳирӣ аз кор мемонад
    • Наҷӯям бар ин кина орому хоб,

      Ману гурзу майдони Афросиёб. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Хобро гуфтаӣ бародари марг,

      Чун бихусбӣ, ҳамезанӣ дари марг. 

      Авҳадӣ
    хоби амн خواب امن
    сифат
    хоби роҳат ва осуда, хоби бафароғат
    хоби гирон خواب گران
    исм
    маҷ. ғафлат, бехабарӣ
    сифат
    хоби сахт, хоби вазнин
    хоби дӯшин خواب دوشین
    сифат
    хоби шабона
    хоби нӯшин خواب نوشین
    сифат
    хоби хуш, хоби ширин
    хоб бастан خواب بستن
    феъл
    бехоб кардан, хобпар кардан
    хоб ёфтан خواب یافتن
    феъл
    хоб рафтан, хобидан
    хоб аз дида шустан خواب از دیده شستن
    киноя аз хоб накардан, бедор мондан
    хоб аз сар ниҳодан خواب از سر نهادن
    киноя аз хоб набурдан, бедор будан, бедорхоб шудан
    аз хоб баркардан از خواب برکردن
    бедор кардан
    аз хоб баромадан از خواب برآمدن
    бедор шудан
    аз хоб баромадани бахти касе از خواب برآمدن بخت کسی
    хушбахт гардидани касе
    аз хоб даромадан از خواب درآمدن
    бедор шудан
  2. он чи хобкунанда дар вақти хоб мебинад, рӯъё
    хоби бисмил خواب بسمل
    сифат
    хоби хавлнок, хоби дарҳаму барҳам
    хоб гуфтан خواب گفتن
    феъл
    хобро тафсир кардан, хобро таъбир кардан, маънои хобро гуфтан
  3. маҷ. ғафлат, бехабарӣ
    хоби асҳоби Каҳф خواب اصحاب کهف
    киноя аз хоби дуру дароз ва сахт
    хоби аҷал خواب اجل
    киноя аз марг
    хоби бетаъбир خواب بی‌تعبیر
    киноя аз орзую умеди беҳосил
    хоби марг خواب مرگ
    киноя аз ҳолати марг
    хоби по خواب پا
    исм
    карахт шудани по
    хоби сайёд خواب صیاد
    исм
    хоби бардурӯғ барои фиреб додани сайд
    хоби чорпаҳлу خواب چارپهلو
    киноя аз хоби дарозу ором
    хобу хаёл خواب و خیال
    исм
    фикру орзу
    хобу хӯр خواب و خور
    исм
    зиндагонӣ, маишат; зиндагии бемазмун, ки танҳо аз хӯрдану хобидан иборат аст
    хоби чизеро дидан خواب چیزی را دیدن
    киноя аз ба тамаъи хом уфтодан, орзуи хом кардан, хаёли хом доштан
    хоб дӯхтан خاب دوختن
    феъл
    халал расондан ба хоби касе
    хоб фурӯ молидан خواب فرو مالیدن
    киноя аз дур кардани хоб
    хоб ба чароғ гуфтан خواب به چراغ گفتن
    киноя аз ба ақидаи хурофӣ, агар касе хоби баданро танҳо ба танҳо ба чароғ бигӯяд, гӯё оқибати шуми он пешгирӣ мешудааст
хоб خواب II хоб خاب
исм
моилии пати махмал ва матоҳои дигари патдор ба як сӯ
хоби махмал خواب مخمل
исм
пати махмал; тамоюли пати махмал ба як тараф
хоби қолин خواب قالین
исм
пати қолин; ба тарафе хобидани пати қолин
хоб خواب IV
исм
роёна ва фанноварии иттилоот ҳолате, ки дар он пас аз интиқоли муҳтавиёти ҳофизаи муваққат ба ҳофизаи собит, роёна бидуни фаъолият боқӣ мемонад то битавон пас аз муддате раванди кори барномаҳоро бидуни тағйир аз сар гирифт
хоб خاب V
исм
роёна ва фанноварии иттилоот нигаред ба хадамоти абрии бунсоза 1; ироаи расонаи шабакаи иҷтимоъӣ ба фароҳамсозон ва корбарон бо фароҳамсозии масири ҷадид барои ҳамкории густарда дар заминаи навовариҳои бидуни маҳдудияти дараҷати барқарории иртибот ва ҳамкорӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии хоб, маънии вожаи хоб, маънии калимаи хоб, маънии ибораи хоб, маънои хоб, маънои вожаи хоб, маънои калимаи хоб, маънои ибораи хоб, таърифи хоб, таърифи вожаи хоб, таърифи калимаи хоб, таърифи ибораи хоб, значение хоб, значение слова хоб, значение фразы хоб, значение выражения хоб, определение хоб, определение слова хоб, определение фразы хоб, определение выражения хоб