В-аз сари сӯфии солус дутоӣ баргашт,
К-андар ин раҳ адаб аст, ки якто оянд.
Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубин тафовути раҳ, к-аз куҷост то ба куҷо?
То тавонӣ, саъй кун аз баҳри ош,
Коса гар чинӣ набошад, гӯ мабош.
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Бирафтанд, то чашм бар ҳам заданд.
Воҷиб дидам ба овардани он, то хонандагонро нишот афзояд.
Гар хирадманд аз авбош ҷафое бинад,
То дили хеш наёзораду дарҳам нашавад,
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
То дил надиҳӣ ба хубрӯён,
К-аз ғусса талаф шавию ранҷа.
Ҳама номдорони эронсипоҳ,
Ниҳоданд чашм аз шигифтӣ ба роҳ.
Ки то кист ин мард аз Эронзамин,
Ки ёрад гузаштан бар ин дашти кин?
То аз чи гилӣ, ки аз ту холӣ,
Дар олами обу гил гуле нест.
Ҳама чиз ба сим харидандӣ, то коҳу ҳезум.