Толиби ҳақро чу тире, к-аз камон берун ҷаҳад,
Ҳеч гаҳ ором то манзил намебояд гирифт.
Сари бодбон тир баргоштӣ,
Хала пеши маллоҳ бигзоштӣ.
Тир монандаи дабир омад,
Муштарӣ хозину вазир омад.
Зи фарвардин чу бигзаштӣ, маҳи урдибиҳишт ояд,
Бимон хурдоду тир он гаҳ ба мурдодат ҳамеояд,
Пас аз шаҳривару меҳру абону озару дай дон,
Ки бар баҳман ҷуз исфандормуз моҳе наяфзояд.
Баҳору тамузу зимистону тир,
Наёсуд ҳаргиз яли шергир.
Камонам аз ғами он тирвор қомати ту,
В-аз ӯ маро ҳама дарду ғам аст қисмату тир.