тинҷ تنج
туркӣ
сифат
гуфтугӯӣ осуда, осоишта; ором
тинҷӣ تنجی
исм
гуфтугӯӣ осудагӣ, осоиштагӣ; оромӣ; сулҳ
истинҷо استنجا истинҷоъ استنجاء
арабӣ
исм
  1. худро аз наҷосат ва палидӣ пок кардан (баъд аз қазои ҳоҷат)
    • Чидани нохуну истинҷо ба об ... аз ҷумлаи суннатҳои писандидаи ӯст.

      Равзату-с-сафо бештар
    • Чун ки истинҷо кунӣ, вирди сухун,

      Ин бувад, ки аз зиёнам пок кун.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
  2. раҳоӣ ёфтан
матинҷ متینج
исм
гиёҳшиносӣ гиёҳи яксолаест, ки баъзе намудҳои он чун сабзавот ва барои ороиш парвариш мешавад (Amazanthus)
нотинҷ ناتنج
зарф
ноором, ноосоишта; пурташвиш
нотинҷӣ ناتنجی
исм
нооромӣ, беосоиштагӣ; пурташвишӣ
истинҷоҳ استنجاح
арабӣ
исм
бароварда шудани ҳоҷатеро талаб кардан
истинҷод استنجاد
арабӣ
исм
  1. ёрӣ хостан, истинҷоат, наҷот талабидан
  2. тавоно гардидан баъди сустӣ
  3. далерӣ кардан баъд аз тарс, шуҷоъат кардан, далерӣ кардан, мардонагӣ кардан
санги истинҷо سنگ استنجا
исм
кулӯхе, ки дар халоҷо ба кор бурда мешавад
  • Моли дунёст санги истинҷо,

    Ба суви мустароҳ бифристед.

    Хоқонӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии тинҷ, маънии вожаи тинҷ, маънии калимаи тинҷ, маънии ибораи тинҷ, маънои тинҷ, маънои вожаи тинҷ, маънои калимаи тинҷ, маънои ибораи тинҷ, таърифи тинҷ, таърифи вожаи тинҷ, таърифи калимаи тинҷ, таърифи ибораи тинҷ, значение тинҷ, значение слова тинҷ, значение фразы тинҷ, значение выражения тинҷ, определение тинҷ, определение слова тинҷ, определение фразы тинҷ, определение выражения тинҷ