сура سوره
арабӣ
исм
динӣ боб ва фасли Қуръон, ҳар як аз 114 фасли Қуръон
  • Сад сураи ҳаҷр мефурӯхонам,

    Дар шаъни висол ояте бояд. 

    Анварӣ
Сурайё ثریا
арабӣ
исм
  1. ахтаршиносӣ нигаред ба Парвин 1; дастае аз шаш ситораи дурахшон дар сурати фалакии Савр; хушаи Парвин
    • Меҳмонхонае муҳайё дошт,

      К-аз саро рӯй дар Сурайё дошт. 

      Низомӣ бештар
    • Ҳама рӯйи саҳро чу дарё кунем,

      Зи Хуршеди тобон Сурайё кунем.

      Абулқосим Фирдавсӣ
    • Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

      Аз боми хона то ба Сурайё аз они ту.

      Мушфиқӣ
    аз саро то Сурайё از سرا تا ثریا
    киноя аз замин то ба Парвин, аз замин то осмон
  2. баландии осмон
    • Рояти ... ӯро ба авҷи Сурайё мерасонид.

      Авфӣ
  3. қадимӣ чироғи чандшохае, ки аз сақфи утоқ овезон мекунанд; чиҳилчироғ; чилчироғ
  4. номе аз номҳои занона
сурайёмакон ثریامکان
сифат
киноя аз олиҷоҳ, олидараҷа, баландмартаба
сурайёмақом ثریامقام
сифат
киноя аз олидараҷа, олиҷоҳ
сурайёсарир ثریاسریر
сифат
олитахт, олиҷоҳ; подшоҳи хеле олимартаба
  • Баромад ба болои заррина зин

    Сурайёсарире, сулаймоннигин. 

    Ҳотифӣ
суратгар صورتگر
сифат
  1. сураткаш, рассом, мусаввир, наққош
    • Аз об баркашида суратгарон варақро,

      Гулбарги орази ту ҳар ҷо ки баркашида.

      Камоли Хуҷандӣ бештар
    • Гар ба рӯи дасти худ зулфи туро созам рақам,

      Остинам сархати суратгарони Чин шавад.

      Саййидо
  2. муҷассамасоз
суратгарӣ صورتگری
исм
рассомӣ, мусаввирӣ, наққошӣ
  • Сарви бустонӣ ту ё маҳ, ё парӣ,

    Ё малак, ё дафтари суратгарӣ. 

    Саъдӣ бештар
  • Боз наққоши хазон сураграӣ дорад ба боғ,

    Беди маҷнун сурати болу паре дорад ба боғ.

    Мушфиқӣ
суратгир صورت‌گیر
сифат
суратбардор, аксгар, аккос
суратгирӣ صورت‌گیری
исм
  1. бо дастгоҳи суратгирӣ гирифтани расми чизе
  2. амал ва кори суратгир, суратбардорӣ
суратдор صورت‌دار
сифат
расмдор, мусаввар (мас., китоб)

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сура, маънии вожаи сура, маънии калимаи сура, маънии ибораи сура, маънои сура, маънои вожаи сура, маънои калимаи сура, маънои ибораи сура, таърифи сура, таърифи вожаи сура, таърифи калимаи сура, таърифи ибораи сура, значение сура, значение слова сура, значение фразы сура, значение выражения сура, определение сура, определение слова сура, определение фразы сура, определение выражения сура