Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
сина سینه
исм
  1. қисми болоии бадани инсон аз тарафи пеш, ки дилу шуш дар таҳи он воқеъ аст, садр
    • Дарнаёмад зи роҳи сина ба дил,

      То дил аз роҳи сина барнагирифт. 

      Анварӣ бештар
    • Нест ороме даруни сина дилро, Сайидо,

      Лаззати осудагӣ аз кунҷи узлат бурдаанд. 

      Саййидо
  2. дил, қалб, замир
    • Рӯят ба чунин дида тамошо натавон кард,

      Васли ту бад-ин сина таманно натавон кард.

      Камоли Хуҷандӣ бештар
    • Намуда пайкари ман махзани ҳазор озор,

      Намуда синаи ман миҷмари ҳазор озар. 

      Садри Зиё
    синаи танг سینه تنگ
    киноя аз дили андӯҳгин, дили ғамнок
    сина сипар кардан سینه سپر کردن
    киноя аз барои мудофаъаи касе ба пеш баромадан, аз дилу ҷон мудофаъа кардан
    сандуқи сина صندوق سینه
    исм
    холигии қисми пешинии болоии бадан 
    сина дар назди касе суфра кардан سینه در نزد کسی سفره کردن
    киноя аз рози дили худро дар назди касе кушодан
  3. пистон
    • Занах содаву ғабғаб овехта,

      Миён лоғару сина ангехта. 

      Низомӣ
    сина додан سینه دادن
    феъл
    шир макондан аз пистон ба тифл
    аз сина ҷудо кардан از سینه جدا کردن
    феъл
    кӯдаки ширхораро аз пистони модар ҷудо кардан
сина سینه
исм
ҳамлунақли дарёӣ нигаред ба синагоҳ 1; қисмати забирин ва пешини киштӣ, маъмулан барои нигаҳдории танобу рангу даввору таҷҳизоти малавонӣ; сина
сина سینه
исм
ҳамлунақли дарёӣ он қисмат аз пешонаи шиновар, ки аз димоға ба тарафи ақиб ва пойин имтидод дорад
сина سینه IV
исм
улум ва фанноварии ғизо бахши нозуке аз лошаи дом, ки дар пушти сарсина қарор дорад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сина, маънии вожаи сина, маънии калимаи сина, маънии ибораи сина, маънои сина, маънои вожаи сина, маънои калимаи сина, маънои ибораи сина, таърифи сина, таърифи вожаи сина, таърифи калимаи сина, таърифи ибораи сина, значение сина, значение слова сина, значение фразы сина, значение выражения сина, определение сина, определение слова сина, определение фразы сина, определение выражения сина