санг سنگ I
исм
  1. ҷисми сахти кӯҳӣ, ки дорои хелҳо ва рангҳои гуногун мебошад
    • [Дарвеш] бо худ гуфт: Ин шайх ба дониши худ ва муридони худ мағрур шудааст, бинишинам, то порае интиқом аз ӯ бикашам, кулӯхандозро подош санг аст.

      Ҷомеъу-т-тамсил бештар
    • Ба ҳарфи номулоим заҳмати дилҳо машав, Бедил,

      Ки ҳар ҷо ҷинси санге ҳаст, бошад душмани мино. 

      Бедил
    санги сиёҳ سنگ سیاه
    исм
    санги сиёҳи муқаддас дар Каъба
    санги бадгуҳар سنگ بدگهر
    сифат
    санги нодаркор, бефоида; санги бадҷинс
    санги нура سنگ نوره
    исм
    санги оҳак
    санги осиё سنگ آسیا
    исм
    санги гирда дар осиё, ки бо гардиши худ ғалабаро фишор дода орд мекунад
    санги оҳанкаш سنگ آهنکش
    исм
    санги оҳанрабо, магнит
    санги рухом سنگ رخام
    исм
    санге аз ҷинси мармар
    санги хоро سنگ خارا
    исм
    як навъ санги бисёр сахт, гранит
    санги шарар سنگ شرر
    исм
    санги чахмоқ
    санги шиша سنگ شیشه
    исм
    санге, ки аз он шиша истеҳсол карда мешавад
  2. санги тарозу, вазна, вазнинӣ
    • Агар муҳтасиб гардад, онро ғам аст,

      Ки санги тарозуи бораш кам аст. 

      Саъдӣ
  3. маҷ. виқор, тамкин; эътибор
    • Касеро, ки наздики ӯ санг буд,

      Зи чандин сипоҳон ду сарҳанг буд. 

      Низомӣ бештар
    • Бо санги хеш будам дар гӯшаи сабурӣ,

      Боде зи сӯят омад, аз ҷой бурд моро. 

      Хусрави Деҳлавӣ
    ба санги кам задан به سنگ کم زدن
    феъл
    ҳақир шумурдан, ночиз донистан
  4. санге, ки бо он корд ва дигар олатҳои бурандаро тез мекунанд
  5. санге, ки ба болои қабр гузошта мешавад
    зери санг овардан زیر سنگ آوردن
    феъл
    маҷ. нобуд кардан, куштан
    санги тафриқа سنگ تفرقه
    киноя аз иғво ва фитна, ки аз тарафи дигарон дар миёни дӯстон андохта мешавад, нифоқ, душманӣ, адоват
    санги таҳи дандон سنگ ته دندان
    киноя аз чизи ногувор, нописандида, халалрасон, музоҳим
    сангу сабӯ سنگ و سبو
    киноя аз ду чизи зидди ҳамдигар ва носозгор, ҳамчун обу оташ
    сангу сукунат سنگ و سکونت
    исм
    тамкин, вазнинӣ, виқор
    санг додан سنگ دادن
    феъл
    санг ҳаво додан, санг ғуррондан, санг андохтан, санг задан ба сӯи касе
    санг судан سنگ سودن
    феъл
    роҳ тай кардан
    санги иҷтиноб андохтан سنگ اجتناب انداختن
    киноя аз дурӣ гузидан, наздикӣ накардан, фосила нигоҳ доштан
    санги қаноъат бар шикам бастан سنگ قناعت بر شکم بستن
    киноя аз гуруснагӣ кашидан; сахтӣ кашидан аз гуруснагӣ; қаноъат кардан
    санг бар шишаи касе задан سنگ بر شیشه کسی زدن
    киноя аз нақшаҳои кори касеро вайрон кардан, касеро халал расондан
    санг бар қандил задан سنگ بر قندیل زدن
    киноя аз тира кардани айши касе, бадбахт кардан касеро
    санг дар бағал доштан سنگ بر قندیل زدن
    кинаи пинҳонӣ доштан, нияти зарбаи пинҳонӣ доштан
    санг дар даҳон андохтан سنگ در دهان انداختن
    киноя аз хомӯш шудан, сокит будан
    санг дар луқмаи касе ниҳуфтан سنگ در لقمه کسی نهفتن
    киноя аз кори касеро ба мушкилӣ ва сахтӣ дучор кардан
    санг дар мӯза уфтодан سنگ در موزه افتادن
    киноя аз монеъаи роҳравӣ шудан, аз ҳаракат ва гардиш бозмондан; беором, беқарор шудан
    аз санг мум сохтан از سنگ موم ساختن
    киноя аз кори ношуданӣ ва номумкинеро ба ҷо овардан; кори аҷиб ва ғариб нишон додан
    ба санг омадани нохун به سنگ آمدن ناخن
    киноя аз пеш омадани кори нофорам
    ба санг омадани паҳлӯ به سنگ آمدن پهلو
    сахт азоб кашидан
    санги мазор سنگ مزار
    исм
    катибаи болои қабр
    санги маҳак سنگ محک
    исм
    1. 1.
      санги сиёҳ барои муайян кардани ъиёри тило
    2. 2.
      маҷ. он чи бо он чизе санҷида мешавад
    аз дунболи касе санг андохтан از دنبال کسی سنگ انداختن
    дар ғайби касе аз вай бадгӯӣ кардан
санг سنگ II
исм
шакли кӯтоҳшудаи фарсанг 1
  • Гарчанд бо ту наздикам, аз ҷумла мухлисон

    Дурам, вале зи лутфи ту сад санг марҳала. 

    Васлӣ
санг سنگ III
исм
варзиш нигаред ба санги яхсанг 1; санги бузург ва гирду сақиле аз ҷинси гаронит бо вазни байни 17 то 20 килуграм ва дорои дастае дар болои он вижаи риштаи яхсанг
сангак سنگک
исм
  1. жола, яхча
    • Вайҳак, эй абр, бар гунаҳкорон

      Сангаку барф борию борон. 

      Унсурӣ
  2. нигаред ба сангча 1; санги реза, хурд
сангандоз سنگ‌انداز
сифат
  1. сангандозанда, он ки санг меандозад
  2. сӯрохи махсуси тирандозӣ ва ё сангандозӣ дар девори қалъа
    • Сангандозҳо ба тавре кардаанд, ки дидаи бино аз он мулоҳазаи мутаҳайир шавад. 

      Таърихи Фаришта
  3. амбразура олати қалъашикан, манҷаниқ
сангандозӣ سنگ‌اندازی
исм
санг андохтан, санг партоб кардан (ба сӯи касе, чизе)
сангарбандӣ سنگربندی
исм
сохтани хандақҳо дар майдони ҷанг
сангаргоҳ سنگرگاه
исм
ҷойҳои хандак сохташуда дар майдони ҷанг; ҷойи панаҳ
сангбақа سنگ‌بقه
исм
гуфтугӯӣ сангпушт
сангборон سنگ‌باران
исм
сангсор

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии санг, маънии вожаи санг, маънии калимаи санг, маънии ибораи санг, маънои санг, маънои вожаи санг, маънои калимаи санг, маънои ибораи санг, таърифи санг, таърифи вожаи санг, таърифи калимаи санг, таърифи ибораи санг, значение санг, значение слова санг, значение фразы санг, значение выражения санг, определение санг, определение слова санг, определение фразы санг, определение выражения санг