рӯза روزه I
исм
динӣ дар дини ислом худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва истеъмоли чизҳои кайфовар аз сарзадани офтоб то ғурӯби он. Ҳар мусулмони ба балоғат расида бояд дар моҳи Рамазон сӣ рӯз рӯза гирад
  • Ва мазҳаби эшон он аст, ки намоз нагузоранд ва рӯза надоранд. 

    Таърихи Наршахӣ бештар
  • Расид даври гулу рӯда дар миён омад,

    Куҷост ид, ки бархезад аз миён рӯза! 

    Ҳилолӣ
рӯза кушодан روزه کشادن
феъл
ифтор кардан
рӯза روضه II
арабӣ
исм
  1. боғ, гулзор
  2. матлаб ва ашъоре, ки ҳангоми азо бар сари минбар мехонанд
рӯзадор روزه‌دار
сифат
динӣ касе, ки рӯза гирифтааст
  • Дигаронро ид агар фардост, моро ин дам аст,

    Рӯзадорон моҳи нав бинанду мо абрӯи дӯст. 

    Саъдӣ
рӯзадорӣ روزه‌داری
исм
динӣ худдорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан дар моҳи рамазон
рӯзакушоӣ روزه‌کشایی
исм
динӣ хӯрдан ва нӯшидан баъд аз ғурӯби Офтоб дар моҳи рамазон, ифтор, ифтор кардан
рӯзафзун روزافزون
сифат
он чи рӯз ба рӯз зиёд мешавад, мудом афзоянда; рӯз ба рӯз зиёдшаванда, афзоянда
  • Меҳри он маҳро ба ҷон хоҳам, ки бас лоиқ фитод,

    Ишқи рӯзафзуни ман бо ҳусни рӯзафзуни ӯ. 

    Ҳилолӣ бештар
  • Кай кунам изҳор бар ағёр рози хешро,

    Дарди рӯзафзуни ман ҷонона медонад, ки чист. 

    Имло
рӯзафрӯз روزافروز
сифат
тобон, дурахшон
  • Талъаташ офтоби рӯзафрӯз,

    Рӯшноифазою зулматсӯз. 

    Абдураҳмони Ҷомӣ
рӯзахӯр روزه‌خور
исм
он ки дар моҳи рамазон рӯза намедорад
рӯзак روزک
исм
шакли тасғири рӯз 1
  • Рӯзаке чанд бош, то бихӯрад,

    Хок мағзи сари хаёландеш. 

    Саъдӣ бештар
  • Рӯзаке ҳамнишини мо гард,

    Шабаке дар канори мо бошӣ. 

    Убайди Зоконӣ
рӯза гирифтан روزه گرفتن
феъл
рӯза доштан
  • Як абрӯят нигарам, рӯза гирам аз пайи васл,

    Ба дидани дигар абрӯ қазо кунам рӯза. 

    Хусрави Деҳлавӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии рӯза, маънии вожаи рӯза, маънии калимаи рӯза, маънии ибораи рӯза, маънои рӯза, маънои вожаи рӯза, маънои калимаи рӯза, маънои ибораи рӯза, таърифи рӯза, таърифи вожаи рӯза, таърифи калимаи рӯза, таърифи ибораи рӯза, значение рӯза, значение слова рӯза, значение фразы рӯза, значение выражения рӯза, определение рӯза, определение слова рӯза, определение фразы рӯза, определение выражения рӯза