Қалам – наққоши чини маънии пок,
Чунин зад ранги нақш аз лавҳи идрок.
Аз ин нохуш наво Яъқуби ғамнок,
Кашид оҳеву рафт аз хештан пок.
Ишқи ту агар зи шубҳа пок аст,
Туҳмат, ки дар ӯст, шубҳанок аст.
Онро, ки ҳисоб пок аст, аз муҳосаба чи бок.
Ӯ фиганд моли касон дар мағок,
Шон ҳама гӯянд ҳалол асту пок...
Ба поконе, к-аз эшон зодаам ман,
Бад-ин покизагӣ уфтодаам ман.
Падарш он гаронмоятар паҳлавон,
Чи гӯяд бад-он духти поки ҷавон?