пай پی I
исм
  1. раг, реша, банди устухонбандӣ; раги пушти пошна, раги миёнаи соқ ва пошнаи пой
    • Ҳазор пора пайю устухону гӯшт бубин,

      Чи гуна баст як андар дигар ба як мисмор.

      Носири Хусрав бештар
    • Ғузруф чизест, нармтар аз устухон ва сахттар аз пай.

      Захираи Хоразмшоҳӣ
    • Аспе, ки чун камони шикаста вуҷуди ӯ,

      Сар то қадам ба ғайри пайю устухон набуд.

      Исмат
  2. маҷ. поя, асос, бунёд, бун, таҳкурсӣ
    • Набишта бад-он ҳуққа таърихи он,

      Падидор карда пайю бехи он.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Аз раият касе, ки мол рабуд,

      Гил зи пай баргирифту бом андуд.

      Саъдӣ
    пай афкандан پی ‌افکندن
    феъл
    бино кардан, бино сохтан, бунёд намудан
  3. маҷ. қасд, азм, ирода
    • Ман толиби ханҷи ту шабу рӯз,

      Андар пайи куштанам чароӣ?

      Унсурӣ
    пайи ҷон будан پی جان بودن
    феъл
    дар қасди ҷон будан
  4. маҷ. қудрат, тавоноӣ, тобу тоқат
    • Чаро кардаӣ ном Ковуси Кай,

      Ки дар ҷанги шерон надорӣ ту пай!

      Абулқосим Фирдавсӣ
    бар устухон будани пай بر استخوان بودن پی
    киноя аз зинда будан, барҳаёт будан
пай پی II
исм
  1. по, қадам
    • Пайи мезбон бар ту фархунда бод,

      Ҳама тоҷдорон туро банда бод.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Чу шуд шаҳ ба наздикии ғори танг,

      Даромад пайи бодпоён ба санг.

      Низомӣ
    пай бардоштан پی برداشتن
    феъл
    1. 1.
      қадам мондан, по ниҳодан
    2. 2.
      асар ёфтан, нишону аломат пайдо намудан аз чизе
    3. 3.
      дунболагирӣ кардан, таъқиб кардан
    пай ниҳодан پی نهادن
    феъл
    қадам мондан, по ниҳодан
  2. нишон, асар, нақши пой
    • Чу хуршеди тобон ба гунбад расид.

      Ба ҷое пайи гӯру оҳу надид.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • З-он дур, ки пои вай бибӯсад,

      Ноёфта пой, пай бибӯсад.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    пайи касе шудан پی کسی شدن
    феъл
    аз паси касе рафтан, аз дунболи касе рафтан
    пай гирифтан پی گرفتن
    феъл
    1. 1.
      таъқиб кардан, аз пас рафтан; пайравӣ кардан
    2. 2.
      пайравӣ кардан, ҳамроҳӣ кардан
    пай гум кардан پی گم کردن
    феъл
     бераҳа рафтан, роҳ гум кардан
    пайи коре гирифтан پی کاری گرفتن
    феъл
    аз паси коре шудан, ба коре машғул шудан
  3. бо изофа ё бо изофа ва пешоянд ҳамчун пешоянди номии таркибӣ бо маънои гуногун: пайи... барои..., баҳри...
    • Ҳамчу гандум пайи ризқи дигарон меҳнат каш,

      Гарчи гардад ба сарат санг, зи кас нон маталаб.

      Мулҳам
    аз пай از پی
    пешоянд
    1. 1.
      аз пас, аз қафо; паси...
    2. 2.
      баъди..., баъд аз..., пас аз...
    3. 3.
      барои..., баҳри...
    аз пайи ҷон гирифтан از پی جان گرفتن
    киноя аз маҳкам доштан, сахт гирифтан
    ба пай сипардан به پی سپردن
    феъл
    поймол кардан, лагадкӯб кардан
    бар пай омадан بر پی آمدن
    феъл
    аз қафо омадан, аз пас таъқиб кардан
    аз пай шудан از پی شدن
    феъл
    аз пас рафтан; барои ба мақсад расидан кӯшиш кардан
    бар пайи касе шудан بر پی کسی شدن
    феъл
    аз пай рафтан, дунболагирӣ кардан
    дар пай афтодан در پی افتادن
    феъл
    аз қафо омадан
    зери пай кардан زیر پی کردن
    феъл
    1. 1.
      поймол кардан, лагадкӯб кардан
    2. 2.
      киноя аз тасарруф кардан, истило кардан
    ниҳон гаштани пай نهان گشتن پی
    бенишон гардидан, гум шудани асару нишон
    аз ин пай از این پی
    зарф
    баъд аз ин, минбаъд, аз ин пас
    дар пайи чизе در پی چیزی
    пешоянд
     паси..., ақиби..., дунболи...
    дар пайи касе будан در پی کسی بودن
    феъл
    таъқиб кардан, қасд кардан бо нияти бад
    пай фишурдан پی فشردن
    феъл
    нигаред ба пай афшурдан 1; қадам ниҳодан, иқдом кардан
    аз пайи он ки از پی آن که
    барои он ки...
пай پی III
исм
муҳандисии умрон узве аз соза, ки бори девор ё сутунро ба хок мунтақил кунад
пай پی III
исм
бор, каррат, навбат, дафъа
  • Сад пай зи ҷаври худ маро рухсора тар дидӣ ба хун,

    Лаб тар накардӣ ҳеч гаҳ, к-аз чист ин рухсора тар.

    Хусрави Деҳлавӣ бештар
  • Мулозимони дарашро бибӯс сад пайи по,

    Дуъои ман ба ҷанобон ягон-ягон бирасон.

    Салмони Соваҷӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пай, маънии вожаи пай, маънии калимаи пай, маънии ибораи пай, маънои пай, маънои вожаи пай, маънои калимаи пай, маънои ибораи пай, таърифи пай, таърифи вожаи пай, таърифи калимаи пай, таърифи ибораи пай, значение пай, значение слова пай, значение фразы пай, значение выражения пай, определение пай, определение слова пай, определение фразы пай, определение выражения пай