олам عالم ъолам
арабӣ
исм
  1. ҷаҳон, дунё, гетӣ
    • Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст,

      Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме.

      Ҳофиз бештар
    • Болоиву ҷои ту дар дида бошад,

      Ба олам касе ин бало дида бошад?

      Мушфиқӣ
  2. махлуқот; мардум
    ҳама олам همه عالم ҳама ъолам
    тамои дунё; ҳамаи мардум, тамои одамон
  3. маҷ. кас ё чизи бисёре
    • ...Яъне, ки аз он хабар барафрӯхт

      Сад шуълаву ҷони оламе сӯхт.

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Наргис, ки шӯхчашми олам насиби ӯст,

      Набвад аз он ду наргиси фаттон зиёдатар.

      Шоҳин
    олами боқӣ عالم باقی ъолами боқӣ
    исм
    дунёи ғайримоддӣ, охират
    олами гузарон عالم گذران ъолами гузарон
    сифат
    дунёи моддӣ, дунёи фонӣ, ҷаҳони бебақо, ин дунё
    олами зар عالم زر ъолами зар
    исм
    ҷаҳони пеш аз хилқати башар, ки насли одам ба шакли зарраҳо ба Худо имон овардааст
    олами боло عالم بالا ъолами боло
    олами малакут, олами рӯҳ, дунёи ғайримоддӣ, самовот
    олами суғро عالم صغرا ъолами суғро
    муқобили олами кубро 1; ин дунё
    олами муҷаррадот عالم مجردات ъолами муҷаррадот
    олами арвоҳ; он дунё, олами баъд
    олами малакут عالم ملکوت ъолами малакут
    исм
    олами арвоҳ, дунёи ғайримоддӣ, олами малоика, ҷои малоика, арш
    олами кубро عالم کبری ъолами кубро
    муқобили олами суғро 1; киноя аз он ҷаҳон, охират, олами баъд
    олами маънӣ عالم معنی ъолами маънӣ
    киноя аз дунёи ғайримоддӣ, олами маънавӣ
    ду олам دو عالم ду ъолам
    исм
    дунёи моддӣ ва дунёи маънавии мавҳум, ин дунё ва охират
    як олам یک عالم як ъолам
    зарф
    хеле бисёр
    олам-олам عالم عالم ъолам-ъолам
    зарф
    бисёр афзун
    олами авҳом عالم اوحام ъолами авҳом
    исм
    1. 1.
      олами хаёлот ва тасаввурот
    2. 2.
      осмон, фалак
    олами имкон عالم امکان ъолами имкон
    олами мавҷудот, олами ашё, дунёи ҳастӣ
    олами об عالم آب
    маҷлиси шаробнӯшӣ, базми майхӯрӣ
    олами обу гил عالم آب و گل ъолами обу гил
    ҷаҳон, дунё, дунёи моддӣ, замин
    олами суфлӣ عالم سفلی ъолами сифлӣ
    нигаред ба олами имкон 1; олами мавҷудот, олами ашё, дунёи ҳастӣ
    олами улвӣ عالم الوی ъолами улвӣ
    исм
    нигаред ба олами малакут 1; олами арвоҳ, дунёи ғайримоддӣ, олами малоика, ҷои малоика, арш
    олами харобобод عالم خراب آباد ъолами харобобод
    дунё
    олами хок عالم خاک ъолами хок
    рӯи замин, дунё
    аз олам бурун бурдан از عالم برون بردن аз ъолам бурун бурдан
    киноя аз маҳв кардан, нест кардан, куштан
    аз ин олам гузаштан از این عالم گزشتن
    аз дунё гузаштан, вафот кардан
    ба олами адам фиристодан به عالم ادم فرستادن
    киноя аз қатл намудан, куштан
    олами ҳастӣ عالم حستی ъолами ҳастӣ
    дунёи моддӣ, дунёи воқеъӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии олам, маънии вожаи олам, маънии калимаи олам, маънии ибораи олам, маънои олам, маънои вожаи олам, маънои калимаи олам, маънои ибораи олам, таърифи олам, таърифи вожаи олам, таърифи калимаи олам, таърифи ибораи олам, значение олам, значение слова олам, значение фразы олам, значение выражения олам, определение олам, определение слова олам, определение фразы олам, определение выражения олам