обдаст آبدست
исм
  1. обе, ки бо он дасту рӯй мешӯянд
    • Наъими пок бистонад, чу кард олуда, биспорад,

      На шарм аз обдаст ояд, на нанг аз обдастонаш.

      Хоқонӣ
  2. шустушӯй, таҳорат, вузӯ
    • Намози ид хоҳам кард, ҳон, соқӣ биёр обе,

      Барои обдасти мо ба ибриқи қадаҳшӯён.

      Камоли Хуҷандӣ
  3. маҳорат, тардастӣ, чобукӣ
    • Кӣ баст он нақши ораз, офарин бод,

      Ки оби даст аз вай ошкор аст.

      Камоли Хуҷандӣ
обдаста آبدسته
исм
нигаред ба офтоба 1
обдастагардон آبدستهگردان
исм
яке аз тарзҳои ёфтани дузд бо роҳи таъсир ба ҳиссиёти тарси одаме, ки мавриди бадгумонӣ воқеъ гардидааст
обдастӣ آبدستی
исм
маҳорат, чарбдастӣ, устоӣ
  • Чунон дар лутф будаш обдастӣ,

    Ки бар об аз латофат нақш бастӣ.

    Низомӣ
обдастон آبدستان
исм
офтоба, ибриқ
  • Осмон оварда заррин обдастон з-офтоб,

    Пушт хам пеши сарон чун обдастон омада.

    Хоқонӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии обдаст, маънии вожаи обдаст, маънии калимаи обдаст, маънии ибораи обдаст, маънои обдаст, маънои вожаи обдаст, маънои калимаи обдаст, маънои ибораи обдаст, таърифи обдаст, таърифи вожаи обдаст, таърифи калимаи обдаст, таърифи ибораи обдаст, значение обдаст, значение слова обдаст, значение фразы обдаст, значение выражения обдаст, определение обдаст, определение слова обдаст, определение фразы обдаст, определение выражения обдаст