нафас نفس
арабӣ
исм
  1. дам, даме, ки инсон ё ҳайвон аз роҳи даҳон ё бинӣ ба худ мекашад ва берун меоварад
    • Нафасе, к-аз ту бигзарад, он рафт,

      Дар пайи он нафас бинатвон рафт.

      Саноӣ бештар
    • Чу оина ях баст дилҳои нарм,

      Намондаш асар бар нафасҳои гарм.

      Саййидо
  2. маҷ. лаҳза, сония
    • Ҳар дам ба ғами тоза дилам хӯй фаро кард,

      То ҳар нафасе рӯи туро тоза ҷамолест. 

      Шамси Табрезӣ бештар
    • Ин бигуфту нафасе жарф ба ман дарнигарист,

      Назари ӯ ҳама ҳастӣ зи дили ман бирабуд.

      Анварӣ
    як нафас یک نفس
    зарф
    як дам, як лаҳза
  3. оҳ, нола
    • Нафаси ошиқон басӯз бувад.

      Зарбулмасал
    нафас задан نفس زدن
    феъл
    1. 1.
      нафас кашидан
    2. 2.
      гап задан
    нафас дуздидан نفس دزدیدن
    феъл
    нафас набаровардан, хомӯш будан
    нафаси касе шумурдан نفس کسی شمردن
    феъл
    мунтазири мурдани касе шудан
    аз нафас андохтан از نفس انداختن
    феъл
    хомӯш ва бесадо кардан
    ба гулӯ банд шудани нафас به گلو بند شدن نفس
    дар гулӯ дармондани нафас; аз шиддати ҳаяҷон гап зада натавонистан
    фурӯ рафтани нафас فرو رفتن نفس
    феъл
    хомӯш шудан; мурдан
    нафаси вопасин نفس واپسین
    зарф
    марг, мурдан
    нафас баровардан نفس برآوردن
    феъл
    сухан гуфтан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии нафас, маънии вожаи нафас, маънии калимаи нафас, маънии ибораи нафас, маънои нафас, маънои вожаи нафас, маънои калимаи нафас, маънои ибораи нафас, таърифи нафас, таърифи вожаи нафас, таърифи калимаи нафас, таърифи ибораи нафас, значение нафас, значение слова нафас, значение фразы нафас, значение выражения нафас, определение нафас, определение слова нафас, определение фразы нафас, определение выражения нафас